Июн 11, 2022 10:34 Asia/Dushanbe
  • Дар воқеъ ин маҷомеъ бо ин амалкард ба истимрори сиёсати пинҳонкории ҳастаии Исроил ва тарвиҷи табъизи ҳастаӣ кумак  кардаанд
    Дар воқеъ ин маҷомеъ бо ин амалкард ба истимрори сиёсати пинҳонкории ҳастаии Исроил ва тарвиҷи табъизи ҳастаӣ кумак кардаанд

Бо баррасии тадбиқии амалкарди ҷомеъаи байналмиллалӣ ба хусӯс ғарбӣ дар қиболи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ва Исроил метавонад ба ҷилавгирӣ аз табъизи ҳастаӣ пай бурд.

Дар ин росто бо вуҷӯди ин ки Эрон бонии тарҳи  орисозии Ховармиёна аз силлоҳои ҳастаӣ буда ва ба унвони узве аз муоҳидаи манъи тавлид ва интишори силлоҳои ҳастаии мавсум ба Эн Пи Ти бештарин ҳамкориро бо ожонси байналмиллалии энергияи атомӣ дошта ҳатто дар мавоқеъи барои нишон додани ҳусни нияти худ ба таъаҳудоти беш аз ин муоҳида амал карда аммо дар рӯйкардҳои сиёсӣ ва хабарии ғарбӣ бар ин маворид комилан сарпуш гузошта мешавад ва дар муқобила бо тамаркуз ба маҳдудсозии ҳамкориҳои ҳастаии Эрон ва эҷоди ҷоруҷанҷоли расонаӣ дар бораи он (ки амдатан дар вокуниш ба нақзи таъаҳудоти тарафҳои муқобил сурат гирифта)  тасвире аз як бозигари хатокор ва ноқизи таъаҳудоти ҳастаӣ аз Эрон ироа дадаанд.

Дар муқобил бо вуҷӯди ин ки асоси сиёсати ҳастаии Исроил бар пинҳонкори устувор аст, ба гунае, ки ин режим то кунӯн на муоҳидаи Эн Пи Ти-ро имзоъ карда ва на иҷоза дода пои ҳеҷ бозрасе ба амокин ва марокизи ҳастаии ин режим боз шавад аммо ҳеҷ як аз ин маворид дар изҳори назарҳои масъулон ва мақомоти Созмони Миллии ғарбӣ ва ҳатто расонаҳои ин кишварҳо мунъакис ва бозгӯ намешавад ва дар муқобил тасвире, ки дар ин расонаҳо аз ин режим ироа мешавад ин аст, ки ингор ин режим ба ҳамаи таъаҳудот ва масъулиятҳои ҳастаияш амал карда ва акнӯн худро дар мақоми мебинад, ки  бар фаъолиятҳои дигарон ҳам назорат кунад ва ба навъи ба бозӯи назоратии ожонси байналмиллии энергии атомӣ амал кунад.

Дар воқеъ ин маҷомеъ бо ин амалкард ба истимрори сиёсати пинҳонкории ҳастаии Исроил ва тарвиҷи табъизи ҳастаӣ кумак  кардаанд, ҳол он ки   агар ҳамон бархурд, ки дар қиболи фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези Эрон доштаанд дар қиболи сиёсати пинҳонкории режими саҳюнистӣ медоштанд, ки аз ҳамон ибтидо аҳдофи низомиро дунбол мекардааст, акнӯн шоҳиди ин ҳама бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа намебудем, ки доманаи он аз ин минтақа фаротар рафта ва ба саросари ҷаҳон густариш ёфтааст.

Агар сиёсати ҳастаии Исроил аҳдофи сулҳомез дошт далеле бар пинҳонкори набуд ва ҳамин, ки режим таи чан даҳҳаи гузашта рӯйкарди пинҳонкоронаи ҳастаӣ дар пеш гирфтааст худ далели равшани аст бар моҳияти низомӣ ва ғайри сулҳомези фаъолиятҳои атомии режими саҳюнистӣ, ки дар амал ҳам бар хилофи ончӣ, ки дар зоҳир таблиғ ва тавҷеҳ мешавад натанҳо коркарди дифоъӣ надошта балки ба пуштивонае барои сиёсатҳои таҳоҷҷумии ин режим табдил шудааст ва бетардид метавон гуфт яке аз авомили аз ҳадд гузаштани ин режим аз усул ва қавонини байналмиллалӣ ва давр задани қатъномаҳои мутаъаддиди Созмони Миллал дар хусӯси Фаластин ҳамин дастёбӣ ба тавони ҳастаӣ будааст , ки бидуни ҳамроҳи ва кумаки давлатҳои ғарбӣ имконпазир набуд.

Бар ин асос сиёсати  табъизи  ҳастаии маҷомеъи ҷаҳонӣ ва ғарбӣ дар қиболи режими саҳюнистӣ натанҳо дар абъоди ҳастаӣ маҳдуд  нашуда балки авоқиб ва осори ба маротиб густарда ба ҳамроҳ дошта, ки яке аз онҳо тӯлони шудани бӯҳрони Фаластин ва шикастани талошҳои байналмиллалӣ ва ҳатто кишварҳои ғарбӣ барои ҳалли ин бӯҳрон буда, ки осор ва табаоти он домани худи кишварҳоро низ гирфтааст.

Бештар бихонед:

Барчасп