Ҳадафгузории тиҷорати 5 миллиарддолларии Эрон бо қораи Африқо
(last modified Sat, 11 Jun 2022 07:03:08 GMT )
Июн 11, 2022 12:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафгузории тиҷорати 5 миллиарддолларии Эрон бо қораи Африқо

Раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон, аз ҳадафгузории тиҷорати 5 миллиард долларии Эрон бо қораи Африқо хабар дод.

Музокирот ва нишастҳои тиҷории Эрон ва кишварҳои африқоӣ дар моҳҳои гузашта афзоиши чашмгире доштааст.

Дар дидори ахири ҳайати тиҷории Нигерия аз Эрон, чанд санади ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шуд.

Ин сафар дар ростои баргузории шашумин иҷлоси комиссиюнҳои муштараки Ҷумҳурии Исломии Эрону Нигерия сӯрат гирифт ва дар ин иҷлоси тиҷорӣ,  Эрону Нигерия як санади аслӣ ва 8 санади фаръии ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталифи фарҳангӣ, гардишгарӣ, нафт, кишоварзӣ, варзишӣ ва тиҷорӣ, гардишгарӣ, стандарт, ҷавонон, ҳавопаймоӣ ва ғайра имзо карданд.

Алиризо Паймонпок, раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон, бо ишора ба баргузории комиссиюни муштараки Эрону Нигерия дар Теҳрон аз ҳадафгузории афзоиши тиҷорат ба қораи Африқо ва расидан ба тиҷорати 5 / 2 миллиарддолларӣ то поёни соли 2022 ва тиҷорати ҳаддиақали 5 миллиарддолларӣ то поёни 2025 хабар дод.

Паймонпок бо ишора ба тадвини нақшаи роҳи тавсеаи тиҷорати кишвар дар ибтидои давлати сездаҳум афзуд, дар ин нақшаи роҳ, ҳадафгузории калони содироту саҳми бахшҳо мушаххас шуда ва дар мавриди қораи Африқо низ авлавиятбандӣ  ва тақсимбандиҳои тиҷорат бо кишварҳои мухталиф ва илзомоти он маддиназар қарор гирифтааст.

Вай хотирнишон кард, дар қораи Африқо кишварҳое ҳастанд, ки дар шароити таҳрим қарор доранд ва имкони афзоиши тиҷорат ва муровидоти тиҷорӣ бо онҳо фароҳам аст.