Барқарории парвози мустақими Теҳрон- Душанбе- Теҳрон аз 29-уми тир
(last modified Thu, 16 Jun 2022 05:32:42 GMT )
Июн 16, 2022 10:32 Asia/Dushanbe
  • Парвозҳоро ширкати ҳавопаймоӣ Вориш анҷом медиҳад
    Парвозҳоро ширкати ҳавопаймоӣ Вориш анҷом медиҳад

Сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз оғози парвози мустақими ҳафтагии Теҳрон-Душанбе-Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон Муҳаммадтақии Собирӣ гуфт: Парвозҳоро ширкати ҳавопаймоӣ Вориш анҷом медиҳад.

Собири  бо эъломи ин матлаб дар саҳифаи худ дар Инистигром навишт: Бо пайгириҳои анҷом шуда ва мувофиқати Созмони ҳавопаймоҳои  Эрон ва Тоҷикистон, ин парвоз ба манзури рифоҳи ҳоли шаҳрвандони дукишвар ва тасҳили сафари гардишгарон анҷом  мешавад.

Ба навиштаи сафири Эрон, замони ин пароз 18:30 аз фурӯдгоҳи байналмиллалии Имом Хумайнӣ (р) Теҳрон ба фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе ва баргаштани он дар соати 23-и ҳамон рӯз хоҳад буд.

Собирӣ ҳачунин ихотирнишон кардааст, ки дар ҳоли ҳозир парвози мустақим дар масири Машҳад- Душанбе- Машҳад давр рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта барқарор аст.

Қабл аз барқарории парвозҳои мустақим, шаҳрвандони дукишвар ногузир буданд аз масири ғайри мустақим ва аз тариқи кишварҳои солис мусофират кунанд, ки алова бар афзоиши ҳазинаи сафар, сабаби тӯлони шудани замони сафар низ мешуд.

Сафир Эрон дар Тоҷикистон изҳор дошт: Бо иноят ва тавсияи равобити дукишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон Эрон ва Тоҷикистон ва имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон ва бо баҳрагирии бештар аз зарфиятҳои ширкатҳои эронӣ ва тоҷикистононӣ, умедворам ба ёрии Худо теъдоди парвозҳои мустақим байни дукишвар, дар оянда боз ҳам афзоиш ёбад.

Бештар бихонед: