Сояи устоди мутааҳҳид бар донишгоҳ навиддиҳандаи сарафрозии ояндаи миллати Эрон аст
(last modified Wed, 22 Jun 2022 04:11:41 GMT )
Июн 22, 2022 09:11 Asia/Dushanbe
  • Сояи устоди мутааҳҳид бар донишгоҳ навиддиҳандаи сарафрозии ояндаи миллати Эрон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар паёме ба ҳамоиши бузургдошти Рӯзи басиҷи асотид, бар масъулияту нақши устодони басиҷӣ дар заминаи омехтани пешрафту навоварии илмӣ бо ахлоқу тарбияти нафсонӣ таъкид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ (сешанбе) дар паёме ба ҳамоиши бузургдошти Рӯзи басиҷи асотид, бар масъулияту нақши устодони басиҷӣ дар заминаи омехтани пешрафту навоварии илмӣ бо ахлоқу тарбияти нафсонӣ таъкид карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми худ таъкид карданд, ба устодони басиҷии донишгоҳу иҷтимои онон дар Рӯзи миллии басиҷи асотид салому дуруд мефиристам ва ёди донишманди муҷоҳид -  шаҳид Мустафо Чамрон ва дигар шуҳадои донишгоҳро азизу гиромӣ медорам.

Эшон хотирнишон карданд, сояи мубораки устоди мутааҳҳиду мутадайину муҷоҳид бар сари донишгоҳи кишвар яке аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ ва навиддиҳандаи сарафрозӣ ва растгории ояндаи миллати Эрон аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми худ афзуданд: Илми нофеъ ва пешрафтаи шумо чӣ дар мавзуоти роҳбурдиву асосӣ ва чӣ дар масоили нақду корбурдӣ, ниёзи ҳатмиву фаврии кишвар аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар идома таъкид карданд, фаъолияти устоди басиҷӣ танҳо таълим нест, пешрафти илмӣ, навоварӣ дар моҳияти донишу забони он, омехтани омӯзиш бо ахлоқу тарбияти нафсонӣ, ҳиммат гумоштан ба дугонаӣ, фарогирии тозаҳои илмӣ ва иҷтиҳоду тавлиди илму вазоифи дигаре аз ин қабил низ дар зумраи масъулиятҳои устоди илм аст ва шумо басиҷиёни азиз дар ҳамаи ин заминаҳо метавонед пештоз ва пешрон бошед.