Посухи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ҷавсозии амрикоиҳо
Як мақоми огоҳ дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар вокуниш ба иддаои Амрико зидди ин нерӯ гуфт, мушкили аслӣ ҳузури ғайризарурии Амрико дар минтақаи Халиҷи Форс аст.
Ба гузориши Сипоҳ Ниюз, як мақоми огоҳ дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи сешанбе ба дунболи иддаои мақомоти Вазорати дифои Амрико мабнӣ бар ҳадафгирии шиновари нерӯи дарёии сипоҳи посдорон дар тангаи Ҳурмуз ба самти як фарванди болгарди нерӯи дарёии Амрико таъкид кард, мушкили аслӣ ҳузури ғайризарурӣ ва ғайриҳирфаии амрикоиҳо дар минтақаи Халиҷи Форс аст.
Ин мақоми огоҳ дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо ишора ба инки амрикоиҳо дар ҳаракатҳои таблиғотии худ дар паи аҳдофи хосе ҳастанд, афзуд, амрикоиҳо бо рафторҳои номуносиб ва ғайриҳирфаӣ дарсадади ғайриоддӣ ҷилва додани шароити минтақа ҳастанд.
Ин мақоми огоҳ дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба тараддуди шиноварҳои кишварҳои мухталиф аз Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз тасреҳ кард, шиноварҳои мухталиф бо риояти қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ шабонарӯз бидуни ҳечгуна мушкил дар ҳоли тараддуд аз минтақа ҳастанд ва ин фақат амрикоиҳо ҳастанд, ки дар паи эҷоди сару садо ҳастанд ва мехоҳанд, бо далоили ғайривоқеӣ масъаласозӣ кунанд.
Ин мақоми огоҳ дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин таъкид кард, нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамвора омодааст ва бо расади таҳаррукот ва тараддудҳои шиноварӣ дар Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз дар ҳифз ва барқарории амнияти пойдори ин минтақаи ҳассосу роҳбурдӣ мусаммам аст.