Июн 28, 2022 12:42 Asia/Dushanbe
  • Амини Исмоилнажод миллипуши валиболи Эрон бо касби 113 имтиёз дар радаи саввуми беҳтарин муҳоҷимони лиги миллатҳои валибол истодааст
    Амини Исмоилнажод миллипуши валиболи Эрон бо касби 113 имтиёз дар радаи саввуми беҳтарин муҳоҷимони лиги миллатҳои валибол истодааст

Амини Исмоилнажон бо касби 113 имтиёз дар ҳамла, дар раддаи савуми беҳтаринҳои ин бахш қарор дорад.

Ба гузориши Садои Хуросон , ҳафтаи дуввуми лиги миллатҳои 2022 валибол бо садрнишинии Фаронса ба поён расид.

Тими миллии валиболи Эрон, ки дар ҳафтаи дуввуми рақобатҳо дар Булғористон ба масофи ҳарифони худ рафта буд тавонист ба 2 пирӯзӣ ва 2 шикаст даст ёбад.

Баландқоматони Эрон  дар муқобили Бурғористони мизбон ва Бразиля бо натиҷаи 3 бар сифр шикаст хурданд ва  дар баробари Амрико ва Канада бо натиҷаи 3 бар сифр пирӯз шуданд то бозикунон руҳия гирфта ва ба ояндаи ин рақобатҳо умедвор шаванд.

Дар ҷараёни ин мусобиқот Нимир Абдулазиз ситораи Ҳоландии валиболи ҷаҳон бо касби 119 имтиёз ба унвони беҳтарин  муҳоҷими ин рақобатҳо  то поёни ҳафтаи дувум шинохта шуд ва пас аз он Бронои оржонтинӣ бо касби118 имтиёз дар  дар радаи дуввуми беҳтарин муҳоҷимони лиги миллатҳои валибол қарор  дорад.

Амини Исмоилнажод миллипуши валиболи Эрон бо касби 113 имтиёз дар радаи саввуми беҳтарин муҳоҷимони лиги миллатҳои валибол истодааст.

Барчасп