Таҳлил: Солрӯзи ҳамла ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон; ҷинояти нобахшудании Амрико
(last modified Mon, 04 Jul 2022 07:35:10 GMT )
Июл 04, 2022 12:35 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Солрӯзи ҳамла ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон; ҷинояти нобахшудании Амрико

Рӯзи 12 уми тири 1401 ҳиҷрии шамсӣ, солрӯзи ҳамлаи мушакии нови Амрикоии Винсенс ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон аст, ки аз Бандараббос ба мақсади Дубай дар ҳоли парвоз буд.

34 соли пеш дар рӯзи сеюми июли 1988 бар асари шиллики мӯшаки нови ҷангии Винсенс ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон, ҳамаи 290 мусофири он аз ҷумла 66 кӯдак ва 53 зан кушта шуданд. Аз ин теъдод, 254 Эронӣ, 13 нафар табаъаи Имороти муттаҳидаи арабӣ, даҳ нафар ҳиндӣ, 6 нафар покистонӣ, 6 нафар табаъаи Югославия ва як нафар италияи буд.

  • 34 соли сӯги пар кашидани инсонҳо бар фарози осмони халиҷи Форс

Пас аз суқӯти ин ҳавопаймо, мақомоти Амрикои барои тавҷеҳи ин ҷинояти нобахшуданӣ, далоили зиду нақизе унвон карданд ва кӯшиданд ин иқдоми хасмонаро як иштибоҳ вонамӯд кунанд аммо бо тавваҷуҳ ба муҷаҳҳаз будани киштии ҷангии Винсенс ба пешрафтатарин системҳои радарӣ ва ҳамчунин мушаххас будани навъи ҳавопаймои дар ҳоли парвоз, мусаллам шуд, ки эҳтимоли иштибоҳ вуҷӯд надошта ва ин иқдом, комилан хасмона будааст.
 

Амрикоиҳо далели муваҷҷаҳе барои ин шиллик ироа накарданд, дар ибтидо онро як ҳавопаймои низоми хонданд сипас ҳавопайморо хориҷ аз долони ҳавоӣ вонамӯд карданд ва пас аз он, ки масири қонӯнии ҳавопаймои мавриди таъйиди Созмони байниалмилалии ҳавонавардии ғайринизомӣ ICAO ва анҷумани байни алмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ IATA қарор гирифт, муддаӣ шуданд ин ҳавопайморо бо ҷангандаи F14 иштибоҳ гирифтаанд. Ҷолиб онки баъдан ба фармондиҳи нови Винсенс медоли шуҷоат эъто карданд.


Воқеият онаст, ки мавориди нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи Амрико феҳристе тӯлонӣ дораду ҳимоятҳои мустақиму ғайри мустақими Амрико аз нақзкунандагони ҳуқуқи башару режимҳои кӯдаккуш аз ҷумла режими саҳюнистӣ воқеияте аст, ки аз диди афкори умумии ҷаҳон пинҳон нест.
Ҷумҳурии исломии Эрон илова бар Шӯрои амнияти Созмони милал ва Созмони байналмилалии ҳавонавардии ғайринизомӣ, шикояти худро дар Девони байналмилалии додгустарӣ дар Гаага низ матраҳ кардааст, аммо таҳти таъсири фишорҳои сиёсии Амрико, ба ҷои баррасии фаннӣ ва ироаи тариқ ба Шӯрои амният, фақат ба ибрози таассуфу таслият ба бозмондагони ин сониҳа пардохтааст.

Дар тавзеҳи инки чаро амрикоиҳо даст ба ин ҷиноят заданд ва ба ҳавопаймои мусофирбарӣ шиллик карданд, бояд ба мавзӯи ҷанги таҳмилии режими Саддом алайҳи Эрон ишора кард, ки бо ҳимояти мустақими Амрико анҷом шуд; дар воқеъ шароиту раванди ҷанги таҳмилӣ ба гӯнае набуд, ки матлӯби мақомоти амрикоӣ бошад.

  • Бомбборони шимиёии Сардашт, авҷи вақоҳати режими Саддом дар ҷанги таҳмилии алайҳи Эрон буд

Ба иборати дигар, мақомоти Амрико ибтидо тасаввур мекарданд дар даврае кӯтоҳ ба аҳдофи худ хоҳанд расид, аммо истодагии Ҷумҳурии исломии Эрон ва пирӯзиҳои мутаъаддиди размандагони эронӣ дар ҷабҳаҳои ҷанг, монеъ аз бароварда шудани хостаҳои мақомоти Амрико дар ин ҷанг шуд.


Ҷорҷ Шултз, вазири хориҷаи давлати Рейган дар соли 1986 дар суханоне дар ҷамъи саҳюнистҳои Амрико гуфт: хатар дар Халиҷи Форс як хатари воқеӣ аст агар Хумайнисм дар минтақа пешрафт кунад манофеи стратегики Амрико осеб хоҳад дид ва бадеҳӣ аст, ки манофеи Исроил низ зарба хоҳад хӯрд.


Бар ҳамин асос, нови ҷангии Винсенс ба фармондиҳии дарёдор Вилям Роҷерс аз бандари Сан Диего эскорти нафткашҳои ироқӣ роҳии обҳои Халиҷи Форс шуд ва ниҳоятан сеюми июли 1988 иқдом ба ҷинояте ба бузургии куштани 290 ғайринизомӣ дар ҳавопаймоӣ мусофирбарӣ кард; ин ҷиноят бо ҳадафи ноамн кардани халиҷи Форс барои тазъифи тавони иқтисодӣ умдатан муттакӣ ба нафти Эрон ва ҳамчунин тақвияти режими Саддом дар ҷанги таҳмилии алайҳи Эрон ба вуқуъ пайваст.
Возеҳ аст, ки шиллик ба ҳавопаймои мусофирбарӣ дар халиҷи Форс ва шаҳодати мусофирони ғайринизомии он тавассути новгони амрикоӣ, яке аз фаҷеаҳои ғайри қобили бахшиш дар таърих ва нанги абадӣ барои муддаиёни ҳуқуқи башар ва захми амиқ бар қалби инсонҳои озодаи ҷаҳон аст; ин ҷиноят собит мекунад, Амрико, ки иддаои ҳуқуқи башар ва набард алайҳи тероризм дар ҷаҳонро дорад, худ яке аз ноқизини бузурги ҳуқуқи башар ва аз ҳомиёни аслии тероризм аст.

Бештар бихонед: