Июл 06, 2022 21:03 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён дар нишасти хабари бо вазири хориҷаи Қатар: Музокироти Қатар барои замонат гирифтани тазмини иқтисодӣ аз Амрико буд.
    Амир Абдуллоҳиён дар нишасти хабари бо вазири хориҷаи Қатар: Музокироти Қатар барои замонат гирифтани тазмини иқтисодӣ аз Амрико буд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти хабари бо вазири хориҷаи Қатар таъкид кард: Музокироти Қатар барои замонат гирифтани тазмини иқтисодӣ аз Амрико буд ва ҳеҷ матолиби фаробарҷоми надорем.

Вазири умури хориҷаи Қатар барои дидор ва ройзани бо мақомоти эронӣ имрӯз вориди Теҳрон шуд.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз чоршанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар гуфт: Дар Давҳа бар мавзуъи тазмини муассир аз сӯи Амрико дар ҳавзаи ҳарончизе ки нафъи иқтисдоии Эрон дар БарҶомро таҳти таъсир қарор диҳад музокира кардем тарафи амрикоӣ натавонист дар ин замина Эронро мутмаин кунад.

Ба гузориши ИРНА, Амир Абдуллоҳиён афзуд: Натавонистем аз замони дидори раисони ду кишвар коргуруҳеро фаъол кунем ва бархе аз ҳамоҳангиҳои зарури барои мушорикати тарафдорони тими миллӣ дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳони дар Қатар лозим буд, ки анҷом шавад, ки ба натиҷаҳои хуб ва ризоятбахше расидем.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Дар заминаи осонсозии ҳамлу нақл ва осонсозии мушкилоте, ки ба далели шароити кунуни бархе аз ленҷдорони эронӣ бо онҳо муваҷаҳ буданд гуфтугу кардем ва умедвор ҳастем дар ояндаи назидк шоҳиди рафъи ин мушкилот ва баҳсҳое, ки нигарониҳоро дар масири афзоиши ҳаҷми табодулоти тиҷори эҷод кард ва ё ҳамкориҳои устонҳои Эрон бо давлати Қатар таҳти таъсири он қарор гирифта аст бошем ва ҳамкориҳо дар сатҳи беҳтари ба пеш биравад.

Амир Абдуллоҳиён таъкид кард: Дар хусуси лузуми тақвиятсози ва короҳи минтақави ва ҳамкориҳои даруни минтақави гуфтугуҳои мусбати доштем ва Қатар ҳамвора дар ҳавзаи гуфтугу ва ҳамкориҳои ҳарчи бештари минтақави нақши мусбатеро ифо карда аст ва дар заминаи тақвияти гуфтугуҳои минтақави гомҳои муассиреро бардошта аст.

Вазири умури хориҷаи Қатар низ дар идома гуфт: Муҳим аст, ки ҳамаи тарафҳо ва шарикон дар кишварҳои ҳамсоя талошҳои созандае дошта бошанд барои мувафақиятҳои ҳастаӣ ва роҳандозии гуфтугуҳои минақави аз Эрон барои эътимоди, ки ба Қатар дошт ташакур мекунем.

Вазири умури хориҷаи Қатар таъкид кард: Гуфтугуҳое, ки байни Эрон ва кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс баргузор мешавад метавонад натиҷаҳои мусбати дошта бошад ва равобити шукуфо байни кишварҳои минтақа метавонад ба нафъи миллатҳо бошад.