Шамхонӣ: Эрон бо ҳар иқдоме, ки тағир дар геополетики минтақа мунҷар шавад мухолиф аст
(last modified 2022-07-07T13:13:18+00:00 )
Июл 07, 2022 18:13 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Эрон бо ҳар иқдоме, ки тағир дар геополетики минтақа мунҷар шавад мухолиф аст
    Шамхонӣ: Эрон бо ҳар иқдоме, ки тағир дар геополетики минтақа мунҷар шавад мухолиф аст

Дабири Шӯрои оли амнияти миллии Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳар иқдоме, ки ба тағири геополетики минтақа мунҷар шавад мухолиф аст.

Ба гузориши ИРНА, Али Шамхонӣ, дабири Шӯрои оли амнияти миллии Эрон дар замони вуруд ба Арманисон дар мусоҳиба бо хабарнигорон бо таъкид бар барқарории сулҳу субот дар минтақа аз тариқи ҳамкориҳои дарунии минтақа таъкид кард, тамаркузи давлати сездаҳуми Эрон бар сиёсати усули густариш ва таъмиқи равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа аст.

Шамхонӣ талош барои барқарории сулҳу субот дар минтақа аз тариқи ҳамкориҳои дарун минтақарор мавриди таъкид қарор дод ва ибрози умедвори кард, музокирот байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорчуби ҳифзи тамомияти арзии дар ду кишвар ба сулҳи пойдор мунҷар шавад.

Дабири Шӯрои оли амнияти миллии Эрон барои дидор бо мақомоти Арманистон субҳи имрӯз вориди Ераван пойтахти ин кишвар шуд.

Али Шамхонӣ намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва дабири Шӯрои оли амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафар ба Арманистон, ки дар чорчуби сафарҳои барномарези шуда ба минтақаи Қафқоз анҷом мешавад илова бар дидору гуфтугӯ бо Ормин Григурён, дабири Шӯрои амнияти миллии Арманистон бо Никалай Панинян, нахуствазири Арманистон низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

 

Барчасп