Июл 09, 2022 18:07 Asia/Dushanbe
  • Худдории Амрико аз судури раводиди барои миллипушони Эрон
    Худдории Амрико аз судури раводиди барои миллипушони Эрон

Дар идомаи коршиканиҳои мақомоти амрикоӣ ва содир нашудани раводиди миллипушони тирандози бо камони Эрон аз ҳузур дар мусобиқоти бозиҳои ҷаҳони боз монданд.

Дар ҳоле ки рақобатҳои тирандозии бо камони бозиҳои ҷаҳони дар Амрико баргузор мешавад ба далели содир нашудани раводид аз сӯи амрикоиҳо миллипушони Эрон аз ҳузур дар ин мусобиқот бозмонданд.

Танҳо се руз пас аз он ки Амрико аз судури раводид барои аъзои тими миллии каратеи Эрон худдори карда буд хабари содир нашудани раводид барои аъзои федератсияи тиру камони Эрон низ мунташир шуд.

Ба гузориши федератсияи тирандозии бо камои федератсияи ҷаҳонии тирандозии бо камон барои ҳузур дар қаробатҳои бозиҳои ҷаҳони ду саҳмияи ғайри қобили ҷойгузинро ба Эрон дода буд ва бо даъвати федератсияи ҷаҳони қарор буд Гисо Бойбурди ва Рамазон Биёбонӣ дар ин бозиҳо ширкат кунанд, ки ба далели коршикании амиркоиҳо раводид содир нашуд ва амалан фурсати барои ҳузури намояндагони Эрон дар ин бозиҳо вуҷуд надорад.

Ин дар шароите аст, ки тамоми иқдомот барои гирифтани раводид аз сӯи федератсияи тирандозии Эрон анҷом шуда буд ва камондорони эронӣ зимни ҳузур дар сафорати Амрико дар Арманистон мунтазири судури раводид буданд.

Соли гузашта низ амрикоиҳо аз додани раводид ба Алиризо Дабир, раиси федератсияи куштии Эрон ва аъзои тими кушти худдори карда буданд.