Имтиноъи ширкати Шветсия аз фурӯши понсмон барои кӯдакони парвонаии Эрон
(last modified Tue, 12 Jul 2022 05:00:28 GMT )
Июл 12, 2022 10:00 Asia/Dushanbe
  • Кӯдакони парвонаии Эрон ҳар рӯз дар муқобили чашми мудаиёни ҳуқуқи башар заҷр мекашанд ва пар пар мешаванд
    Кӯдакони парвонаии Эрон ҳар рӯз дар муқобили чашми мудаиёни ҳуқуқи башар заҷр мекашанд ва пар пар мешаванд

Сафири Ҷумҳӯрии Исломи Эрон дар Шветсия гуфт: Ширкати Шветсияи тавлид кунандаи малзумоти пизишикӣ ҳамчунон ба баҳонаи таҳрими золимонаи Амрико аз фурӯши понсмон барои кӯдакони парвонаии Эрон имтиноъ мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Аҳмади Маъсумифар сафири Эрон дар Шветсия рӯзи (душанбе) дар Твиттер тасреҳ кард: Кӯдакони парвонаии Эрон ҳар рӯз дар муқобили чашми мудаиёни ҳуқуқи башар заҷр мекашанд ва пар пар мешаванд, оё ин нақз фоҳиши ҳуқуқи кӯдакон ва ҷиноят алайҳи башарият нест? 

Хонум Илно Дуҳон  гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи таъсири манфии иқдомоли якҷониба ва  қаҳромез бар баҳраманди аз ҳуқуқи башар, ки ба Ҷумҳӯрии Исломии Эрон сафар карда буд 18 моҳи майи 2022 дар нишасти хабари эълом кард: Иқдомоте, ки зидди Эрон эъмол мешавад, нақзи ҳуқуқи башар аст.