Июл 31, 2022 10:55 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои таъмини сӯхти мавриди ниёзи мардуми Лубнон

Мудири кулли ғарби Осиё ва шимоли Ховари Миёнаи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз омодагии Теҳрон барои таъмини сӯхти мавриди ниёзи мардуми Лубнон хабар дод.

Кишвари Лубнон як соле аст, ки бо буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсӣ дасту панҷа нарм мекунад . Набуди сӯхт ва афзоиши қимати доллар ба хусӯс пас аз инфиҷори даҳшатноки бандари Бейрут дар соли гузашта муҷиби ташдиди ин мушкилот шудааст . Соли гузашта дар ҷараёни буҳрони сӯхти Лубнон  Ҷумҳурии исломии Эрон чанд маҳмулаи сӯхтӣ ба ин кишвар фиристод . Ин маҳмӯлаҳо бо созмондиҳӣ ва ҳимояти Ҳизбуллоҳ вориди Лубнон шуд ; масаълае ки ба унвони як пирӯзӣ барои муқовимати Лубнон унвон шуд . Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадсодиқи Фазлӣ-дастёри вазири умури хориҷаи Эрон дар Твиттер навишт : " Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз бузургтарин тавлиду содиркунандагони энержӣ дар минтақа  барои кумак ба мардуми Лубнон  дар канори онҳо истодааст . "
 

 

Барчасп