Дидори Боқирӣ ва Энрике Мора дар Вена
Узви аршади тими музокиракунандаи Эрон ва масъули ҳамоҳангикунандаи БарҶом дидору гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши ИРНА, Алӣ Боқирии Канӣ, увзи аршади тими музокиракунанди Эрон имрӯз панҷшанбе бо Энрике Мора масъули ҳамоҳангкунандаи БарҶом дар Вена дидор ва дар даври ҷадиди музокирот табодули назар кард.
Музокиракунандаи Ҷумуҳрии Исломии Эрон пеш аз ин ҳам бо ҳайати Русия дидору гуфтугӯ карданд.
Ҳайати музокиракунандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раёсати Алӣ Боқирии Канӣ, муъовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ҷиҳати идомаи музокироти рафъи таҳримҳои золимонаи Амрико, субҳи имрӯз вориди Вена пойтахти Австрия шуд.
Музокирот бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимона ва ғайриқонуни зидди Ҷумуҳрии Исломии Эрони ба далели ибтикорҳои тими музокиракунандаи Эрон пешрафтҳоеро таҷруба кард, аммо сустии давлати Ҷо Байден барои ҷуброни иқдомоти ғайриқонунии давлати пешини Амрико ва идомаи корзори фишори ҳадиаксари мунҷар ба тардидҳое дар ҷидияти ин кишвар барои бозгашт ба БарҶом ва тулони шудани раванди гуфтугӯҳо шуда аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари масъулиятпазир борҳо эълом кард бо таваҷуҳ ба ин ки Амрико тарафе буд, ки тавофуқи БарҶомро нақз кард ин Вашенгтон аст, ки бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст иҷрои таъаҳудоти Амрико мавриди ростиозмонӣ қарор гирад.