Баргузории маросими аъзодории рӯзи Тосуо дар шаҳрҳои мухталифи Эрон
Бо ҳузури густардаи ошиқонӣ ҳусайнӣ ва иродатмандони аҳлибат(а) маросими аъзодории рӯзи Тосуо дар шаҳрҳои мухталифи Эрон баргузор шуд.
Имрӯз якшанбе баробар бо нуҳумин рӯзи моҳи муҳарамулҳароми соли 1444 ҳиҷри қамарӣ баробар бо 7 августи соли 2022 Тосуои ҳусайнӣ(а) аст.
Аъзодории ҳусайнӣ дар саросари Эрони исломӣ дар рӯзҳои Тосуо ва Ошурои ҳусайнӣ бо баргузории маросими аъзодории солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн(а) имоми севуми шиъаёни ҷаҳон ва ёрони вафодораш аз ҷумла ҳазрати Абулфазл(а) бародари он имоми ҳуморо гироми доштанд.
Ҳазрати имом Ҳусайн(а) ва ёрони бовафои ишон дар 10 муҳарами соли 61 ҳиҷри қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд. Имом Ҳусайн(а) дар воқеъаи Карбало ошкоро таъкид карданд: Мақсадаш расво кардани ҳукумати зидди исломӣ ва барпо доштани амри ба маъруф ва наҳи аз мункар ва истодагӣ дар баробари зулму ситамгарӣ аст.