Бозиҳои кишварҳои исломӣ поёни кори дучархасаворони эронӣ бо касби 4 медал
(last modified Sun, 14 Aug 2022 11:30:10 GMT )
Август 14, 2022 16:30 Asia/Dushanbe
  • Бозиҳои кишварҳои исломӣ поёни кори дучархасаворони эронӣ бо касби 4 медал
    Бозиҳои кишварҳои исломӣ поёни кори дучархасаворони эронӣ бо касби 4 медал

Дучархасаворони эронӣ бо касби 4 медали рангоранг ба кори худ дар рақобатҳои дучархасавории бозиҳои кишварҳои исломӣ поён доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар идомаи рақобатҳои дучархасавории бозиҳои кишварҳои исломӣ се намояндаи Эрон дар фанни истиқомати бонувон ба майдон рафтанд, ки дар поён Мондоно Деҳқонӣ ба медали биринҷ даст ёфт.

Дар ин рақобатҳо, ки дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор мешавад дучархасаворон аз Узбакистон ба мақоми аввал ва дувум расиданд ва медали биринҷ низ ба бонуи рекобзани Эрон расид. Мондоно Деҳқон, Сумая Яздонӣ ва Фурузон Абдуллоҳӣ намояндагони Эрон дар фанни истиқомат буданд.

Ҳамчунин дар фанни истиқомати мардон Муҳаммади Ганҷихонлу мувафақ ба касби медали тилло шуд ва Орян низ ду медали нуқраро барои дучархасаворони Эрон ба даст овард.

Бо ин шароит корвони эъзомии дучархасаворони Эрон бо касби як медали тилло, ду нуқра ва як биринҷ кори худ дар панҷумин даври бозиҳои кишварҳои исломӣ поён дод.