Декабр 03, 2016 17:58 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба таҳрими якҷонибаи Амрико

Раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таъкид кард, Маҷлиси Эрон нақзи тааҳҳудоти байналмилалии БАРҶОМ аз сӯи Амрикоро бидуни посух нахоҳад гузошт.

Маҷлиси Эрон дар вокуниш ба иқдоми ахири Конгресси Амрико дар тамдиди таҳримҳои зидди Эрон, фардо (якшанбе) ду тарҳи се ва ду фавритияро (тарҳҳои муҳим) ба манзури дархост аз далати Эрон барои аз саргирии фаъолиятҳои ҳастаӣ ба қабл аз давраи БАРҶОМ ва таҳрими колоҳои амрикоӣ, баррасӣ мекунад. Алоуддин Буруҷердӣ, раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сёсати хориҷии Маҷлиси Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо бо ишора ба қонуни иқдоми мутақобил ва мутаносиби давлати Эрон дар қиболи нақзи БАРҶОМ афзуд, Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба шакли ҷиддӣ, давлати Эронро мулзам ба иҷрои ин қонун хоҳад кард.

Вай тасреҳ кард, ваҳдати миллӣ барои муқобила бо ҳар гуна бадаҳдии Амрико ва нақзи БАРҶОМ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр болост.

Буруҷердӣ, иқдоми Конгресси Амрико дар тамдиди таҳримҳои зидди эрониро ношӣ аз лоббии саудӣ - саҳюнистӣ хонд, ки фақат ширкатҳои амрикоӣ аз он мутазаррир мешаванд.

Алоуддин Буруҷердӣ бо ишора ба беасар будани ин таҳримҳо гуфт, БАРҶОМ танҳо як тавофуқ байни Эрон ва Амрико нест ва кишварҳои дигаре низ онро имзо кардаанд ва ба он пойбанд ҳастанд.

 

Барчасп