Август 18, 2022 14:43 Asia/Dushanbe
  • Бо ин каридор кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз кутоҳтарин масири иртиботӣ ба обҳои гарму озоди байналмилалӣ муртабит шаванд
    Бо ин каридор кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз кутоҳтарин масири иртиботӣ ба обҳои гарму озоди байналмилалӣ муртабит шаванд

Дар дуюмин нишасти Шурои ҳамоҳангии кишварҳои ширкаткунанда барои эҷоди каридори иртиботии Осиёи Марказӣ ба обҳои гарм аз масири Эрон дар шаҳри Овоза, намояндагони Эрон, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон протоколи илҳоқии ниҳоӣ ва мувофиқатномаи эҷоди каридори ҳамлу нақлу трпнзитии байналмилалии мавсум ба мувофиқатномаи Ишқободро имзо карданд.

Дар ҳамин иртибот Муҳаммадхон Чокиев, мудири кулли Ожонси ҳамлу нақлу иртибототи Туркманистон дар суханоне таъкид кард, Ишқобод бо тасвиби 12 конвенсияи байналмилалӣ дар заминаи ҳамлу нақл, сиёсати ҳамкории густарда дар ин бахшро дар дастури кор қарор дода ва ин раванд бо тасвиби 4 қатънома тавассути Маҷмаи умумии Созмони Милал оғоз шудааст.

Имзои тавофуқномаи чаҳорҷонибаи эҷоди ҳамлу нақл ва транзити байналмилалӣ дар Туркманистон дар ҳоле имзо шудааст, ки дар моҳи гузаштаи мелодӣ ҳамоише дар ҳамин иртибот дар Ишқобод баргузор шуда буд ва ширкаткунандагон дар он ҳамоиш охирин дидгоҳҳои худро дар бораи ин масири иртиботӣ иброз доштанд.

Ҳамоиши каридорҳои ҳамлу нақлу транзити байналмилалӣ, иттисолу тавсеа дар рӯзҳои 18 то 19 июли соли ҷории мелодӣ бо ҳузури кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон дар Туркманистон баргузор шуд. Дар чорчӯби ин ҳамоиш муқаррар шуд, ки нишасти кумитаи корӣ миёни давлатҳои Туркманистон, Узбакистон, Эрон, Қатар ва Уммон бо манзури эҷоди каридори ҳамлу нақл баргузор шавад.

Пеш аз ин низ мавзуоти муҳиме монанди нақши ҳавзаҳои илмиву омӯзишӣ дар тавсеаи ҳамлу нақлу иртиботот, диҷиталисозии санъат, ҷанбаҳои зистмуҳитӣ, ҳамлу нақли пойдор ва мавориде аз ин даст мавриди тавваҷуҳи кишварҳои узви ин каридор қарор гирифта буд.

Бо тавваҷуҳ ба ин муқаддамоту шароити мавҷуд дар минтақа бояд гуфт, имзои мувофиқатномаи эҷоди каридори ҳамлу нақлу транзити байналмилалии мавсум ба мувофиқатномаи Ишқобод барои се кишвари Осиёи Марказӣ, ки ба узвияти ин масири иртиботӣ даромадаанд, аз аҳамияти бисёр зиёде бархӯрдор аст. Зеро пас аз солҳои тӯлонӣ барои нахустин бор метавонанд аз кутоҳтарин, иқтисодитарин ва амнтарин масири иртиботӣ ба обҳои гарму озоди байналмилалӣ муртабит шаванд. Дар ҳақиқат, кишварҳои Осиёи Марказӣ ин имконро ба даст овардаанд, ки дар кутоҳтарин замон ба кишварҳои ҷанубу ҷануби шарқии Осиё ва баръакс муртабит шаванд.

Ба иборати дигар, бо ибтикори Эрон ва ҳамкории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои маҳсур дар хушкӣ фурсати муносибе ба даст овардаанд то бидуни восита аз кутоҳтарин, амнтарин ва иқтисодитарин масири мавҷуд дар минтақа ба бозорҳои тавлиду масрафи мавриди ниёзи худ дар қораи паҳновари Осиё муттасил ва муртабит шаванд.

Дар ин миён Ҳинду Чин ба унвони ду кишвари мустақил имкони онро доранд то бештарин манфиатро аз ин бозор ба даст оваранд.

Дар ҳамин иртибот Пирмуҳаммад Муллозиҳӣ, коршиноси масоили шибҳиқора дар мусоҳиба бо шабакаи «Бозор» гуфтааст: "Давлати Ҳинд ба як шарики минтақаии қудратманд дар минтақае назири Эрон ниёз дорад».

Ин коршиноси барҷаста дар айни ҳол гуфтааст, Ҳинд як нигоҳи баландмуддате ба ин масир дорад ва умедвор аст то бандари Чобаҳорро ба бандари муҳиме табдил кунад, ки кулли содироту воридоти Афғонистону Осиёи Марказӣ аз тариқи ин бандар сурат бигирад, дар он сурат поёни амалиёти хати оҳани Эрон аз Чобаҳор ба Зоҳидон, Бирҷанд ва Сарахси эълом хоҳад шуд.

Санади ҳамкориҳои эҷоди Каридори байналмилалии Осиёи Марказӣ ба обҳои гарм аз масири Эрон нахустин бор дар соли 2011 мелодӣ тавассути давлатҳои Эрон, Уммон, Туркманистон ва Узбакистон ба имзо расидааст.

Дар ҳақиқат имзои мувофиқатномаи эҷоди каридори ҳамлу нақлу транзитии байналмилалии мавсум ба мувофиқатномаи Ишқобод нахустин бори 11 соли пеш ба имзо расидааст. Андаке баъд Қазоқистон, Қатар ва Ҳинд низ ба ин тавофуқномаи байналмилалии муҳим пайвастаанд, ин дар ҳолест, ки мавзуи илҳоқи Покистон ба ин каридори байналмилалӣ дар дасти баррасӣ аст.

Дар ҳамин иртибот ширкаткунандагон дар нишасти Овоза мавзуоте аз ҷумла осонсозии қонунҳои судури раводид (виза) барои шаҳрвандони кишварҳое, ки аз ин каридор истифода мекунанд, дар ҳамлу нақли ҷодаии байналмилалӣ, рафъи мавонеи тавсеаи ҳамлу нақли ҷодаии дуҷониба, минтақаӣ ва умуру транзитиро низ баррасӣ кардаанд. Тамоми ин таҳаррукоти кишварҳои минтақа бар ҷиддӣ будани мақомҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон ба манзури баҳрабардорӣ аз ин масири иртиботӣ мутамаркиз шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп