Август 20, 2022 10:27 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Гуфтумони инқилоби исломӣ, баромада аз ҳавзаҳои илмия аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Гуфтумони инқилоби исломӣ, баромада аз ҳавзаҳои илимя буда ва ин ҳавза ҳамчунон муҳимтарин марказ барои ироаи паёми дурусти инқилоби исломӣ ба ҷаҳон аст.

Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар дидори ҷамъе аз масъулони хабаргузориҳо ва расонаҳои динии кишвар дар шаҳри муқаддаси Қум (ҷануби Теҳрон), зарфияти расонаии ин шаҳр бо таваҷҷуҳ ба вуҷӯди бузургтарин ҳавзаи илмияи кишвар, бисёр бузургу нақши он дар фарҳангсозии динӣ ва иртибототи байналмилалӣ ва низ инъикоси дурусти паёми низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мухотабон дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалро муҳим арзёбӣ кард.

Канъонии Чофӣ бо баёни инки Қум, шаҳри пурхуруши байналмилалӣ аст, ки ҳамвора таъсироти фаротар аз марзҳои миллӣ дошта ва дорад, афзуд: Вижагиҳо ва зарфиятҳои ҷаҳонии шаҳри Қум ва таъсироти он дар ҳавзаи байналмилал, қобили муқоиса бо ҳеҷ як аз марокизи динӣ дар ҷаҳон нест.

Вай тасреҳ кард: Қум ҳамвора дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ, сохторсоз ва таҳаввулофарин буда ва мунодӣ ва арзакунандаи исломи ҳақиқӣ, яъне ҳамон исломи ноби Муҳаммадӣ (с) ва гуфтумони аҳли байти исмату таҳора (а) ба ҷаҳон будааст.

Канъонии Чофӣ ҳамчунин қазияи Фаластинро ҳамчунон муҳимтарин мавзӯи ҷаҳон Ислом донист ва гуфт: Режими саҳюнистӣ ва табйини моҳияти ҳақиқӣ ва мухотироти он барои сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ бояд аз муҳимтарин баҳсҳои расонаии гуфтумони инқилоби исломӣ бошад ва ниёз аст расонаҳои инқилобӣ, рисолати худро дар ин робита ҷиддитар ва муассиртар анҷом диҳанд.

 

Барчасп