Август 29, 2022 16:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф аз музокироти Вена бекорсозии пойдори таҳримҳо аст

Раиси созмони энержии атомии Эрон гуфт : Ҳадаф аз музокироти рафъи таҳримҳои зидди Эрон ин аст, ки таҳримҳо ба сурати пойдор бекор шавад .

Дар ин давр аз музокирот  чанд пешниҳод аз сӯйи Энрике Мора-ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодияи Аврупо дар музокироти Вена матраҳ шуд ва қариб ба иттифоқи кишварҳои мушорикаткунанда дар гуфтугуҳои Вена бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимонаву ғайриқонунии зидди Эрон  хоҳони ҷамъбандии зудтари музокирот ҳастанд, аммо дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар интизори тасмимоти сиёсии Амрико дар хусуси чанд мавзӯи боқимондаи муҳим ва калидӣ аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломӣ дар сафар ба устони Луристон гуфт : Асоси музокироти барҷомӣ барои дафъи иттиҳомот ва гирифтани баҳона аз душман будааст, ки мураттаб алайҳи кишвари Эрон ахбору санадҳои иддаоиро матраҳ мекунанд .
Раиси созмони энержии атомии Эрон гуфт : Ҳадаф аз музокирот ин аст, ки таҳримҳо ба сурати пойдор бекор шавад, то мардуми Эрон аз вазъияти иқтисодӣ нафъ баранд.

 

Барчасп