Намояндаи Эрон дар СММ : Толибон ба дархостҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ташкили давлати фарогир посух диҳад
(last modified Tue, 30 Aug 2022 03:59:53 GMT )
Август 30, 2022 08:59 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар СММ : Толибон ба дархостҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ташкили давлати фарогир посух диҳад

Сафир ва муовини намояндагии Эрон дар СММ гуфт : Толибон бояд ба дархостҳои мукаррари ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ташкили як давлати фарогир, ки ҷомеъаи чандқавмиятии Афғонистонро ба дурустӣ намояндагӣ кунад, посух диҳад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Заҳро Иршодӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар СММ рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ дар бораи Афғонистон афзуд : Беш аз як соли пас аз хурӯҷи ғайримасъулонаи неруҳои хориҷӣ ва тасаллути Толибон, Афғонистон акнун бо буҳронҳои фаровоне дасту панҷа нарм мекунад .
Иршодӣ бо ишора ба вазъияти башардӯстонаи вахими Афғонистон афзуд : Бар асоси гузориши СММ ҳудуди 25 миллион нафар дар ҳоли ҳозир дар фақр зиндагӣ мекунанд ; ҳуқуқи башар ба вижа дар мавриди занону духтароне, ки ҳануз аз дастрасӣ ба омӯзиш маҳрум ҳастанд ҳамчунон нақз мешавад ва Толибон ҳануз ба таъаҳҳудоти байналмиллалии худ амал накардааст .
Намояндаи Эрон дар СММ таъкид кард: Вазъияти фоҷеъабори Афғонистон барои он даста аз неруҳои хориҷӣ, ки ба сурати ғайриқонӯнӣ таҳти унвони мубориза бо тероризм ба Афғонистон ҳамла карда ва ин кишварро ишғол карданд ва чизе ҷуз вайронӣ боқӣ нагузоштанд, масъулияту таъаҳҳудотеро ба дунбол дорад .
Сафиру намояндаи доими Эрон дар СММ афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон ба талошҳои худ барои кумак ба мардуми Афғонистон ва ҳамкорӣ бо ҳамсоягону соири шуракои Афғонистон барои тазмини сулҳи пойдору тавсеаи пойдор дар Афғонистон идома медиҳад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп