Эътирози шадиди Эрон ба Албания дар СММ ба далели таарруз алайҳи сафорати Эрон дар Тирана
(last modified 2022-09-10T05:32:03+00:00 )
Сентябр 10, 2022 10:32 Asia/Dushanbe
  • Эътирози шадиди Эрон ба Албания дар СММ ба далели таарруз алайҳи сафорати Эрон дар Тирана

Намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар номае ба дабири кулли ин созмон ва намояндагии доими Албания назди ин созмон, иқдомоти хушунатомези давлати ин кишвар алайҳи маконҳои дипломатӣ ва консулии Эрон дар Тиранаро маҳкӯм кард.

Баъд аз ихроҷи гурӯҳаки террористии мунофиқин аз Ироқ, ин гурӯҳак ба дастури Амрико ва бо ҳамоҳангии дигар аъзои НАТО ба Албания муҳоҷират кард то битавонад аз онҷо ба ҷосӯсӣ ва иқдомоти харобкорона алайҳи мардуми Эрон идома диҳад.

Гурӯҳаки террористии мунофиқин, ҳарсола иҷлосеро бо даъват аз чеҳраҳои зидди эронӣ ба Тирана баргузор мекард то инки иҷлоси имсоли ин созмон бино ба далоили амниятӣ лағв шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар номаи намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки рӯнавишти он барои Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ низ ирсол шуда омадааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон тамомии аъмоли хушунатомези 8 сентябри 2022 неруҳои полиси Албания алайҳи амокини дипломатӣ ва консулӣ дар Тирана ва вуруд ба амокини дипломатии Эронро бидӯни иҷозаи мақомоти зисалоҳи эронӣ ба шиддат маҳкӯм мекунад.

Дар ин нома омадааст: Ҷумҳурии исломии Эрон аз давлати Албания мехоҳад, ки кулияи усӯл ва қавоиди ҳуқуқи байналмилалии ҳоким бар равобити дипломатӣ ва консулӣ вифқи Конвенсияҳои Вена 1961 ва вақатъномаҳои Маҷмаъи умумии Созмони милал, аз ҷумла мавориди марбӯт ба ғайри қобили таъарруз будан, масӯн будан ва бавижа ҳифозат, амнияту эминии амокини дипломатӣ ваа консулиро ба ҷиддият риоят ва иҷро кунад.

Дар ин нома ҳамчунин аз давлати Албания, хоста шудааст то тамоми иқдомотеро, ки дар ростои расидагии комил ба нақзи муқаррарот ба манзури муҳокимаи муҷримон анҷом мешавад, иттихоз кунад.

Намояндагии Эрон дар Созмони милал таъкид кардааст: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаққи худро барои истифода аз абзорҳои дигар ба манзури ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофот дар мавриди тахаллуфоти анҷом шуда алайҳи маконҳои дипломатӣ ва консулӣ дар Тирана маҳфӯз медорад.

 

Барчасп