Сентябр 15, 2022 16:27 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии Эрон дар шатранҷи донишҷуёни ҷаҳон
    Ноибқаҳрамонии Эрон дар шатранҷи донишҷуёни ҷаҳон

Тими Эрон ноибқаҳрамони бахши Блтитс "Барқ Осо" рақобатҳои шатранҷи донишҷёни ҷаҳон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар идомаи рақобатҳои шатранҷи донишҷуёни ҷаҳон дар Белгия модаи Блитс "Барқ Осо) баргузор шуд ва тими Лаҳистон бо 20 имтиёз қаҳрамон шуд ва тими Эрон бо 18.5 имтиёз ба унвони ноибқаҳрамонӣ расид.

Тими Фаронса низ бо 15 имтиёз дар радаи севвум қарор гирифт, ҳамчунин дар бахши инфироди устоди байналмиллалӣ бонувон Мубино Алинасаб бо 6 имтиёз унвони севвумро касб кард ва устод фида Ораши Доғли ҳам бо ҳамин имтиёз дар бахши писарон севвум шуд.

Мусобиқоти шатранҷи қаҳрамонии шатранҷи донишҷуёни ҷаҳон 12 то 18 сентябр дар Антверпени Белгия баргузор мешавад.