Раисӣ дар дидори нахуствазири Ҷопон: Равобити Эрону Ҷопон дӯстона ва дерина аст
(last modified Thu, 22 Sep 2022 06:07:38 GMT )
Сентябр 22, 2022 11:07 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар дидори нахуствазири Ҷопон: Равобити Эрону Ҷопон дӯстона ва дерина аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо нахуствазири Ҷопон равобити ду кишварро дӯстона ва дерина хонд.

Эрону Ҷопон бо собиқа беш аз 90 сол равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ, муносиботи хубе бо якдигар доранд.

Раисӣ дар ин дидор бо баёни инки иртибототи иқтисодӣ ва тиҷории Эрон бо бисёре аз кишварҳои дунё дар ҳоли тавсеа аст, афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба савобиқи тӯлонии ҳамкориҳои Эрону Ҷопон ва заминаҳои мутааддид, равобити ду кишвар метавонад ба шакли рӯзафзӯн тақвият шавад.

Раисӣ дар идома бо гиромидошти ёди Синдзо Абэ, нахуствазири фақиди Ҷопон хотирнишон кард, вай талош ва алоқаи зиёде барои афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дошт.

Раисӣ дар ин дидор ҳамчунин ба хурӯҷи якҷониба ва ғайриқонӯнии Амрико аз БарҶом, ки мавриди сарзаниши ҳамаи дунё қарор гирифт ишора кард ва гуфт, сухани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзӯи ҳастаӣ комилан мантиқӣ ва қобил дифо аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки Эрон барои дастёбӣ ба як тавофуқи одилона омодааст афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи манфии Амрико, зарурӣ аст, тазминҳое ахз шавад, ки аз такрори он таҷрибаи талх ҷилавгирӣ кунад.

Нахуствазири Ҷопон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз ин мулоқоту ёдоварии хотироти хуби худ аз сафар ба Эрон дар солҳои гузашта, ба ҳамкориҳои ҷории ду кишвар дар бахшҳои саломат, об, муҳит зист ва пешгирӣ аз буҳрон ишора кард ва гуфт, омодаи афзоиши ҳамкориҳо бо Эрон дар бахшҳои мухталиф ҳастем ва ба талошҳои ҷорӣ барои дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаӣ эҳтиром мегузорем.