Сентябр 29, 2022 09:52 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳоти Раисӣ дар бораи сафари ахираш ва суҳбатҳо бо сарони кишварҳои мухталиф
    Тавзеҳоти Раисӣ дар бораи сафари ахираш ва суҳбатҳо бо сарони кишварҳои мухталиф

Раиси ҷумҳурии Эрон бар тазмини қобили эътимод ва ҳаллу фасли масоили назорату ҳифозат ба манзури ҷилавгирӣ аз нақзи аҳди муҷаддади тарафи ғарбӣ ва судури қатънома алайҳи Эрон ба баҳонаҳои сиёсии подмонӣ таъкид кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар гуфтугӯи зиндаи телевизионӣ бо мардум дар посух ба суол дар бораи охирин вазъияти парвандаи музокироти ҳастаӣ бо ишора ба дидори ахираш бо Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса гуфт, дар ин дидор бар ду асли ҳаллу фасли масоили подмонӣ ва рафъи пойдори таҳримҳо бо имкони баҳрамандии иқтисодии миллати Эрон таъкид кардааст.

Раисӣ бо интиқод аз рӯйкарди сиёсии Ожонси энержии атомӣ гуфт, руасои ожонс пас аз бозид аз санъати ҳастаии Эрон расман эълом мекунанд, ки инҳирофе сӯрат нагирифта, аммо ба маҳзи ин ки ба Аврупо бозмегарданд ё аз сӯи режими саҳюнистӣ бо онҳо тамосе гирифта мешавад, лаҳну адабиёташон тағйир мекунад, ки ин тағйири мавзеъ нишон аз рӯйкарди сиёсӣ ба масъала аст.

Раисӣ ҳамчунин дар бораи ибтикораш дар нишон додани тасвири Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бисёр мавриди тавваҷуҳи маҳофили сиёсиву расонаҳо қарор гирифт ва паёму ҳадафи ин ибтикор гуфт: Мехостам арз кунам, ки муассиси ДИИШ амрикоиҳо буданд ва қаҳрамони мубориза бо ДИИШ ва терроризм Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ буд, касе ки қаҳрамони мубориза бо терроризм буд, ба дасти амрикоиҳо ва ба дасти раиси ҷумҳурии собиқи Амрико ба шаҳодат расид.

Раиси ҷумҳурӣ дар идома ба дастовардҳои ду сафари ахир ба Самарқанд барои ширкат дар иҷлоси Шанхай ва сафар ба Ню-Йорк барои ҳузур дар Маҷмаи умумии Созмони Милал пардохт ва изҳор дошт, узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай масъалаву рӯйдоди муҳиме аст.

Раисӣ дар идома дар хусуси иғтишошоти ахир ҳам гуфт, ҳамаи миллати Эрон бар ин нукта муттафиқ ҳастанд, ки имрӯз ҳар гуна ошӯбу иғтишош дар кишвар муҷиби амниятзудоӣ ва ҳамла ба ҷону моли мардум мешавад аз ин рӯ иғтишош аз тарафи ҳеҷ кас ва бо ҳеҷ салиқае қобили пазириш нест.

Раисӣ бо баёни ин ки душманон ҳар бор як мавзӯро баҳона мекунанд то балво ба роҳ биандозанд, афзуд: Онҳо дилсӯзи миллати Эрон нестанд, миллати Эрон ҳам онҳоро мешиносанд.