Сентябр 29, 2022 21:24 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори кордор сафорати Фаронса ба Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Эҳзори кордор сафорати Фаронса ба Вазорати умури хориҷаи Эрон

Дар вокуниш ба баёнияи мудохилаҷуёнаи Вазорати хориҷаи Фаронса, ширкати се тан аз вазирони мушовири давлти Фаронса дар эътирозоти дар Порис ва иқдоми сахифонаи нашрияи Шорли Эбду рӯзи гузашта раиси идораи дувуми аврупои ғарбии Эрон кордори сафорати Фаронсаро дар набуди сафири ин кишвар ба Вазорати умури хориҷа эҳзор кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо дар ин дидор таъкид шуд Ҷумҳурии Исломии Эрон дахолати Вазорати хориҷаи Фаронса ва бархе мақомоти фаронсавӣ дар умури дохилаи Эрон бо истифода аз таъбирҳои ҷаълиро мардуд дониста ва сахт маҳкум мекунад.

Ба кордор гуфта шуд баёнияи Вазорати хориҷаи Фаронса дар садад аст иғтишошгароне, ки ҳадафи ҷуз тахриби амволи умумӣ ва ҷону моли мардум надоштандро татҳир кунад. Раиси идораи дувуми аврупоӣ ғарби гуфт мақомоти фаронсавӣ бозии дугонаро дунбол мекунанд зеро аз тарафи мизбони гуруҳакҳое ҳастанд, ки дар солҳо ва низ дар эҷоди иғтишошоти ахир дар Эрон мустақиман даст доранд ва аз тарафи дигар нерӯҳои интизомии Эронро барои бархурд бо ҳамин ошубгарон маҳкум мекунад.

Раиси идораи дувуми аврупоӣ ғарбии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба бахши аз баёнияи тарафи фаронсавӣ мабни бар ин ки ин кишвар, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар шарикон тамоми гузинаҳои мумкинро дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир мади назар қарор хоҳанд дод хотирнишон кард Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти ҳеҷ шароите дахолат дар умури дохилиро таҳамул накарда ва бо расади дақиқи мавозеъ ва таҳарукоти бегонагон иқдоми саривақт ва муқтазиро дар дастури кор хоҳад дошт.

Мақомоти Эрон хотирнишон кард шояд мақомоти фаронсавӣ шакли муқобилаи шадиди нерӯҳои полиси ин кишвар бо ҷалиқаи зардҳоро, ки назму амният дар ин кишварро мухтал карда буданд фаромуш карданд.