Октябр 02, 2022 11:24 Asia/Dushanbe
  • Хабари озоди  ҳоҷии боздошт шудаи эронӣ дар Арабистони Саъудӣ ба Амир Абдуллоҳиён эълом шуд
    Хабари озоди ҳоҷии боздошт шудаи эронӣ дар Арабистони Саъудӣ ба Амир Абдуллоҳиён эълом шуд

Вазирони хориҷаи Ироқ ва Уммон хабари озодии ҳоҷии боздошт шудаи эронӣ дар Арабистонро ба вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон эълом карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар тамосҳои телефони  ҷудогонаи Фавод Ҳусайн вазири умури  хориҷаи Ироқ,  Ал-Сайидбадр Ал- Бусаъидӣ  вазири умури хориҷаи Уммонӣ бо Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон хабари озоди  ҳоҷии боздошт шудаи эронӣ дар Арабистони Саъудӣ ба Амир Абдуллоҳиён эълом шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон аз талоши вазирони хориҷаи Ироқ ва Уммон дар пайгирии озодии ҳоҷии эронии боздошт шуда дар Арабистон ташаккур кард.

Халили Дарманд ҳоҷии эронӣ дар маносики ҳаҷи имсол тавассути мамурони Арабистон боздошт шуд ва талоши дастгоҳи дипламатик ва қуваи қазойи Ҷуиҳӯрии Исломии Эрон барои озодии ин шаҳрванд бо таваччӯҳ ба қатъи равобити сиёсии Эрон ва Риёз аз тариқи кишварҳои восита дунбол шуд.

Барчасп