Октябр 08, 2022 11:18 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими футболи Эрон ба ҷамъи 20 тими бартари ҷаҳон

Дар раддабандии моҳи октябри ФИФА, тими миллии футболи Эрон дар ҷамъи 20 тими бартари ҷаҳон қарор гирифт.

Дар ин раддабандии Эрон, ки муваффақ шуд дар 2 бозии дӯстонаи ахири Уругвайро шикаст диҳад ва бо Сенегал мусовӣ кунад бо 1564/61 имтиёз ба раддаи 20 суъӯд кард.

Дар ин феҳрист тими Эрон ҳамчунон бартарини тими Осиё аст.

Ҷопон бо 1559 имтиёз дар раддаи 24, Кореяи Ҷанубӣ бо 1530 имтиёз дар раддаи 28 ва Австралия бо 1488 имтиёз дар раддаи 38 дорандаи бартарин тимҳои қораи Осиё ҳастанд.

Токунун тими Эрон дар беҳтарин ҳолати мумкин якбор муваффақ шуда буд дар раддаи понздаҳуми ҷаҳон қарор бигирад.