Содироти гази Эрон ба Туркия азсар гирфта шуд
Содироти гази Эрон ба Туркия, ки ҳафтаи гузашта барои таъмироту нигаҳдории хати лӯла мутаваққиф шуда буд, азсар гирфта шуд.
Туркия барои таъмини гази мавриди ниёзи худ ба Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия вобаста аст.
Афзоиши қимати ҳомилҳои энержӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла нафт ва газ бар қимати сӯхт дар Туркия асаргузор будааст.
Содироти гази Эрон ба Туркия, сеюм октябр бо эъломи қаблӣ барои таъмирот ба муддати 8 рӯз мутаваққиф шуда буд.
Ин иқдом, ба далели анҷоми корҳои бозрасӣ ва нигаҳдорӣ бар рӯи хати лӯлаи интиқоли гази Эрон - Туркия тайи рӯзҳои дувум то нуҳуми октябри 2022, ки аз қабл барномарезӣ шуда буд ва имкони дарёфт газ аз нуқтаи вурӯдии Гурбулок ба шабакаи интиқоли гази Туркия дар ин муддат вуҷӯд надошт, анҷом шуд.
Бо гузашти 8 рӯз аз амалиёти таъмирот, имрӯз (душанбе) содироти гази Эрон ба кишвари Туркия пас аз такмили таъмироти тавофуқ шуда азсар гирфта шуд.