Октябр 14, 2022 17:36 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ғалат мекунад касе фикри кандани дарахти тановари Ҷумҳурии исломиро ҳам бикунад

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо баёни инки низоми Ҷумҳурии исломӣ; дар муқобили қудратҳо таслим нашуд ва истод таъкид карданд: Низоми Ҷумҳурии исломӣ акнӯн ба дарахти тановаре табдил шудааст, ки ҳатто тасаввури «кандан»-и он низ имконпазир нест.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамзамон бо 17-уми рабеъ ул аввал, солрӯзи милоди Паёмбари Ислом (с) ва имом Содиқ (а), дар дидори ҷамъе аз масъулони низому меҳмонони хориҷии ширкаткунанда дар Конфронси ваҳдат, бо тарҳи саволе мабнӣ бар инки «оё иттиҳоди калимаи мусулмонон ва доштани ҷойгоҳи рафеъ дар дунёи дар ҳоли тағйири имконпазир аст? », гуфтанд: Бале, иттиҳод байни миллатҳои исломӣ мумкин аст, аммо ниёзманди талош ва амалу истодагӣ дар муқобили фишорҳо ва сахтиҳо аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Мо истодем ва пеш рафтем, албатта истодагӣ низ монанди ҳар кори дигар сахтиҳое дорад, аммо он касоне ҳам ки таслим мешаванд, дучор сахтӣ мешаванд бо ин тафовут, ки истодагӣ мӯҷиби пешрафт ва таслим боис ақаб рафт аст.

Раҳбари муаззами инқилоб, оддисозии равобити бархе кишварҳои исломӣ бо режими саҳюнистиро яке аз бузургтарин хиёнатҳо хонданд ва гуфтанд: Мумкин аст бархе бигӯянд таҳаққуқи ваҳдат дар шароити феълӣ бо вуҷӯди бархе раисони кишварҳои исломӣ имконпазир нест, аммо равшанфикрон, уламо, фарзонагону нухбагони дунёи Ислом метавонанд фазоро мутафовит аз хости душман кунанд, ки дар ин сӯрат имкони таҳаққуқи ваҳдат, осонтар хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо таъкид бар инки ҷабҳаи муқовимат, ки дар дунёи Ислом шакл гирифта, мавриди ҳимояти Ҷумҳурии исломӣ аст, хотирнишон карданд: Мо ба лутфу инояти Худованд имон дорем ва ба таҳаққуқи амалии орзӯи бузурги Ваҳдати исломӣ, умедвор ҳастем.

 

Барчасп