Узви Комиссиюни амнияти миллии Маҷлиси Эрон : Аврупоиҳо дар таъмини амнияти сафоратхонаҳои Эрон саҳлангорӣ мекунанд
(last modified 2022-10-17T07:18:58+00:00 )
Октябр 17, 2022 12:18 Asia/Dushanbe
  • Узви Комиссиюни амнияти миллии Маҷлиси Эрон : Аврупоиҳо дар таъмини амнияти сафоратхонаҳои Эрон саҳлангорӣ мекунанд

Узви Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, таъкид кард : Аврупоиҳо дар таъмини амнияти сафоратхонахоҳо камкорӣ ва эҳмол мекунанд ва бояд сареъан ин костӣ бартараф шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Иброҳими Ризоӣ-узви Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНА, дар мавриди таъарруз ба бархе аз сафоратхонаҳои Ҷумҳурии исломӣ дар кишварҳои аврупоӣ гуфт : Таи иғтишошоти ахир шоҳиди фитнаангезии бархе сафоратхонаҳои кишварҳои аврупоӣ аз ҷумлаи Фаронса, Олмон ва Британия ҳастем, ки бояд бо онҳо бархурд сурат пазирад.
Ризоӣ афзуд : Ин дахолатҳо нишон медиҳад, ки мавзӯи иғтишошотро бархе афроди муртабит бо сафорати ин кишварҳо тарроҳӣ ва барномарезӣ мекунанд .
Узви Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳамчунин гуфт : Бо вуҷуди бархурдҳои гуногуне, ки бо дипломатҳои британияӣ дар мавориди мушобеҳ шудааст, вале ҳамчунон ба шайтанатҳои худ дар ин ҳавзаҳо идома медиҳанд .
Ризоӣ тасреҳ кард : Замини сафоратхонаҳо ба унвони хоки як кишвар маҳсуб мешавад ва таъарруз ба ҳарими он тибқи қавоиди байналмиллалӣ баробар бо ҳамла ба хоки як кишвар арзёбӣ мегардад .
 

 

Барчасп