Таҳлил: Нақши расонаҳои маонид дар иғтишошот; ҳушдори сардор Саломӣ ба режими Саудӣ
(last modified Tue, 18 Oct 2022 12:55:59 GMT )
Октябр 18, 2022 17:55 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Нақши расонаҳои маонид дар иғтишошот; ҳушдори сардор Саломӣ ба режими Саудӣ

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба шайтанатҳои расонаҳои вобаста ба режими Саудӣ, ба ин режим ҳушдор дод ва гуфт: Муроқиб рафторатон бошед ва расонаҳоятонро кантрол кунед.

Генерал Ҳусайни Саломӣ дар размоиши бузурги иқтидори нерӯи заминии сипоҳ дар минтақаи Арас изҳор дошт: Як суфориш ба режими Оли Сауд дорам, ки бо бунгоҳҳои суханпароканӣ ва расонаҳое, ки фақат шайтанат тарвиҷ мекунанд, ошкоро ба дунболи таҳрики ҷавонони мо ҳастанд; ҳушдор медиҳам муроқиби рафторатон бошед ва ин расонаҳоро кантрол кунед, вагарна дӯди он ба чашми шумо хоҳад рафт.

Бо вуҷӯди онки нақши режими Саудӣ ба ҳамроҳи Амрико, Англис ва режими саҳюнистӣ дар тавлиди муҳтавои форсӣ барои таҳрики қавмиятҳо ва таҷзияталабӣ дар Эрон аз солҳо пеш ошкор будааст, аммо дар ҳафтаҳои ахир ва ҳамзамон бо талоши расонаҳои форсизабони мустақар дар Лондон ҳамонанди “ББС”-ии форсӣ ва ё “Iran International”, ки бо долларҳои режими Саудӣ фаъолият мекунад нақши ин режим дар нооромӣ ва иғтишошоти ахири Эрон бештар намоён шудааст.

 Вазарати иттилооти Эрон низ ахиран бо судӯри баёнияе дар бораи пушти пардаи ҳаводиси хушунатбори чанд ҳафтаи гузашта дар устонҳои мухталифи кишвар, ба нақши сервисҳои ҷосӯсии ғарбӣ - ибрӣ - арабӣ дар ин ошӯбҳо ишора кард, ки дар миёни онҳо номи «Маркази эътидол»-и Арабистон низ дида мешавад.

Режими Саудӣ дар майи 2017 бо таъсиси «Маркази эътидол» дар ҳузури Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешини Амрико дар Риёз, гоме муҳим дар ҷиҳати роҳбурди ҷадиди худ дар ҳавзаи ҷанги нарм бо меҳварияти шабакаҳои иҷтимоӣ бардошт ва пас аз он дар айёми интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар соли 1396 , шабакаи телевизионии «Iran International»-ро бо ҳадафи асаргузорӣ бар мухотаби эронӣ дар Лондон роҳандозӣ кард.

Ин марказ ҳамчунин бо сафаҳоти худ дар фазои маҷозӣ дар канори соири расонаҳои ғарбӣ ва ибрӣ нақши зиёде дар ҳаштагсозиҳо алайҳи низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дораду фитнагарони Саудӣ дар фазои маҷозӣ ба пахши хабарҳо ва филмҳои сохтагӣ ва матолиби таҳрикомез идома медиҳанд, ба унвони мисол яке аз сирватмандони Саудӣ бо номи Мансур Ал Молик сафҳаи худ дар “Твиттер”-ро амалан ба сафҳае барои таблиғу ҳимоят аз иғтишошот дар Эрон ва низ таҳрики лубнониҳо барои баргузории тазоҳурот дар баробари сафорати Эрон дар Бейрут табдил кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки амалкарди вебсайт, канали “Телеграм”-ӣ, сафаҳоти “Твиттер” ва “Инстаграм”-и расмии расонаҳои “ББС”-ии форсии вобаста ба давлати Англия, Iran International вобаста ба режими Саудӣ, “Садои Амрико” ва радиои “Фардо” вобаста ба давлати Амрико, “Ман ва ту” вобаста ба ҷараёни Баҳоият нишон медиҳад, ин расонаҳо фақат аз 23 шаҳривар то 16 меҳр (14 сентябр то 7 октябр) беш аз 17 ҳазор дурӯғ дар бораи ҳаводиси ахири Эрон мунташир кардаанд, ки бо ҳадафи таҳрики қавмиятҳо ва доман задан ба иғтишошот сӯрат гирифтааст.

Бинобар ин, возеҳ аст, ки расонаҳои меҳвари ғарбӣ, арабӣ ва ибрӣ дар иғтишошоти ахири Эрон, ки ба баҳонаи даргузашти як духтари курди эронӣ оғоз шуд, барномаҳое, аз ҷумла таҷзияталабӣ аз тариқи таҳрики қавмиятҳо ва эҷоди ошӯбро дунбол мекунанд, ки дар байни онҳо нақши расонаҳои вобаста ба режими Саудӣ ҳамчун Iran International ва шабакаҳои арабзабони “Ал Арабия” ва “Ал Ҳадс” пуррангтар аст.

Фармондеҳи кулли сипоҳ низ ба ҳамин далел дар суханони худ бо ишора ба инки сиёсати дӯстӣ ва бародарии Эрон бо ҳамсоягон модоме идома дорад, ки душманон нахоҳанд алайҳи мо тавтеъа кунанд, ба режими Саудӣ ҳушдор дод: “Мо бо шумо итмоми ҳуҷҷат мекунем. Шумо аз тариқи ин расонаҳо дар умӯри дохилии мо ворид шудаед, вале бидонед осебпазиред. Мо ба шумо гуфтем то муроқиб бошед”.