Ноябр 05, 2022 11:52 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамонанди чан даҳҳаи гузашта кумакҳои худ ба мардуми ин кишварро, ки солиёни дароз даргири ҷанги дохилӣ ё ишғоли хориҷӣ будаанд, идома додааст
    Эрон ҳамонанди чан даҳҳаи гузашта кумакҳои худ ба мардуми ин кишварро, ки солиёни дароз даргири ҷанги дохилӣ ё ишғоли хориҷӣ будаанд, идома додааст

Раиси пешини Шӯрои олии мусолеҳи миллии Афғонистон аз ҳимоятҳои давлат ва миллати Эрон аз Афғонистон ба вижа мухоҷирони ин кишвар қадрдонӣ кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси пешини Шӯрои олии мусолеҳаи миллии Афғонистон дар дидор бо сафири Эрон дар Кобул зимни қадрдонӣ аз кумакҳои башардустонаи Ҷумҳӯри Исломии Эрон ба мардуми Афғонистон ва пазироии Эрон аз миллионҳо паноҳҷӯи афғон, гуфт: Мардуми мо ҳамеша қадрдонӣ кумакҳои Эрон ҳастанд.

Баҳодури Аминиён сафири Эрон дар Афғонистон ҳам дар ин дидор бо ишора бо равобити дерина ва таърихӣ миёни дукишвар гуфт, ки Эрон монанди гузашта дар канори мардуми Афғонистон қарор дорад ва дар ҳадди тавон ба мардуми Афғонистон кумак мекунад.

Дидори Абдуллоҳ бо сафири Эрон дар Кобул дар чорчӯби сиёсати Теҳрлон барои ҳифзи иртибот ва гуфтугӯ бо ақвом мухталиф дар Афғонистон бо ҳадафи кумак бабарққарори су4бот ва оромиш дар ин кишвар ва бастар срози барои ташкили давлати фарогир бо ҳадафи тақвияти инсиҷоми дохилӣ дар Афғонистон аст.

Аз замони ба қударт расидани муҷаддадани Толибон дар Афғонистон дар августи 2021 то кунун, Эрон ҳамвора дар сиёсати худ дар қиболи он кишвар, бар лузуми ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳама ақвом ва гурӯҳҳои сиёсӣ таъкид кардааст.

Эрон иловабар онки бахши сиёсӣ, ташкили давлати фарогир дар Афғонистонро бахше аз роҳи ҳали барқарори субот дар ин кишвар медонад, дар пеш аз як соли гузашта ва дар давраи ҳокимияти дубораи Толибон низ ҳамонандии гузашта, кумакҳои густардаеро барои мардуми вилояти мухталифи Афғонистон ирсол кардааст.

Афғонистон дар беш аз як соли гузашта ба далоили мухталиф аз ҷумла блук шудани дороиҳои Бонки Марказии ин кишвар дар хориҷ тавассути Амрико, коҳиши шаддиди арзиши пули милли ва кумакҳои молли ва ғайри молии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин афзоиши бе собиқаи таварум, бо мушкилоти густардае рӯ ба рӯ шудааст.

Бар ҳамин асос аст, ки борҳо ниҳодҳои молии байналмиллаӣ дар бораи бурузи қатъии густарда барои миллионҳо нафар аз мардуми Афғонистон ҳушдор дода ва хосторни таваҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба увзои  ҳасоси ин кишвар шудаанд.

Бо вуҷӯди қатъ ё коҳиши шаддиди кумакҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон ба баҳонаи қудрат гирифтани Толибон дар Афғонистон, аммо Эрон ҳамонанди чан даҳҳаи гузашта кумакҳои худ ба мардуми ин кишварро, ки солиёни дароз даргири ҷанги дохилӣ ё ишғоли хориҷӣ будаанд, идома додааст.

Ба рағми ба қудрат расидани ҳокимиятҳои гуногӯн дар Афғонистон дар чанд даҳҳаи гузашта, аммо Эрон ҳамвора дар канори мардуми он кишвар буда ва аз онон ҳимоят кардааст. Ирсоли кумаккҳои башардустона барои Афғонистон шомили маводи ғизоӣ, доруӣ ва беҳдошти дар солҳои ахир ва ба хусус дар давраи ҳамагирии Короно сабаб шуда то мардуми ин кишвар, сиёсатҳои Эронро мавриди ситоиш диҳад.

Албатта анвоъи рафтори инсондустонаи Эрон дар қиболи мардумии ситамдидаи Афғонистон ва муҳоҷирини ин кишвар сабаб шуда то иловабар мардуми Афғонистон, ниҳодҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ низ сиёсатҳои Теҳрон дар қиболи Афғонистонро мавриди таҳсин қарор диҳад.

Камисарёи олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон, дар гузорише аз вазъияти паноҳҷӯёни афғон дар ҷаҳон, аз талошҳо ва иқдомоти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар мизбонӣ аз ҳудуди 3.6 миллион паноҳҷӯи афғон қадрдонӣ ва Эронро кишвари улгуе барои мизбонӣ аз паноҳҷӯён муаррифӣ кардааст.

 

 

 

Барчасп