Эрон 2 Бразиля 1, қаҳрамонии футболи соҳилии Эрон дар Ҷоми байни қораӣ+Филми хулосаи бозӣ
(last modified 2022-11-08T06:10:35+00:00 )
Ноябр 08, 2022 11:10 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи соҳилии Эрон бо шикасти Бразиля барои чаҳорумин муртаба қаҳрамони Ҷоми байни қораӣ шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз" Варзиши се" тими милли Русия бо 4 қаҳарамонӣ пуртарафдортарин тим дар ин турнамент буда ва тимҳои милии Эрон ва Бразиля бо 3 қаҳрамонӣ дар таъқиби русҳо буданд ва талошашон ин буд битавонанд дар мусобиқаи имшаб бо касби унвони қаҳарамонӣ, дар канори ҳарифи номдори аврупоӣ соҳиби унвони пурифтихортарин тими мусобиқоти байни қораӣ шаванд.

Тими миллии соҳилии Эрон ва Бразиля аз соати 19:30 шаби якшанбе финали мусобиқоти Ҷоми байни қораиро баргузор карданд, ки дар поёни ин рақобат Эрон ду бар як Бразилро шикаст дод.

Тими миллии футболи соҳили Эрон бо шикасти Бразиля барои чаҳоруминбор қаҳрамони Ҷоми байни қораӣ шуд.

Шогирдони Алӣ Нодири,ки руқабои худро яке пас аз дигаре пушти сар гузошта буданд ва шаби гузашта тавонистаанд миқдорона аз садди Иморати мизбон бигузаранд ва ба финали рақобатҳо бирасанд, имшаб намоиши дурахшон дар баробари Бразиля доштанд ва интиқоми финали Ҷоми байни қораии 2016-рогирифтанд. Дурахшиши Муҳаммад Аҳмадзода ва Сайиди Пиромун  боис шуд то шигирдони Нодирӣ бо натиҷаи 2 бар 1 аз сади Бразиля бигузаранд ва шикасти соли 2016-ро талофи кунанд ва ба чаҳорумин қаҳрамониашон дар турнаменти Ҷоми байни қораӣ бирасанд.

Дар поёни рақобатҳои байни Қораи 2022, ки ба мизбонии кишвари Иморот баргузор шуд, Амирҳусайни Акбарӣ, ки нақши калиди дар қаҳрамонии тими миллии Эрон дошт ва голи сарнавиштсозеро дар марҳилаи гурӯҳи дар дидор бо Ҷопон ба самар расонд, ба унвони бартарин бозикуни ин турнамент интихоб шуд.

Ҳамиди  Беҳзодпур ҳам, ки яке аз аносири калидии Эрон дар масири қаҳрамонии рақобатҳо буд, соҳиби унвони бартарин дарвозабони рақобатҳо шуд.

Унвони бартарин голзани турнамент ба ситорагони футболи соҳилии Эрон нарасид ва  Карлос Карбалло "Carlos Velasco Carballo" бозикуни тими футболи соҳилии Парагуай "Paraguay" ба унвони оқои голи Ҷоми байни қораӣ муаррифи шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп