Ноябр 10, 2022 19:14 Asia/Dushanbe
  • Эрон мӯшаки балластикии фавқисавт барои муқобила бо сипарҳои дифоӣ сохтааст

Фармондеҳи неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорни инқилоби исломӣ аз сохти мӯшаки балластикии фавқисавти пешрафта хабар дод, ки қодир аст аз сомонаҳои дифои ҳавоии пешрафта гузар кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Амиралии Ҳоҷизода-фармондеҳи неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорни инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон аз сохти ин мӯшаки пешрафта хабар дод, ки қодир аст аз сомонаҳои дифои ҳавои пешрафта убӯр кунад ва онҳоро ҳадаф қарор диҳад . Ҳоҷизода афзуд : Мӯшаки ёдшудаи сохти Эрон суръати болое дорад, аз ҳамаи сомонаҳои сипари мушакӣ убӯр мекунад ва дар хориҷ аз фазо метавонад манёвр диҳад . Фармондеҳи неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорни инқилоби исломӣ тасреҳ кард : Ин мӯшак сомонаҳои зиддимушакии душманро ҳадаф қарор медиҳад ва як ҷаҳиши бузурги наслӣ дар ҳавзаи мушакӣ аст . Системаҳои фавқисавт ба хотири манёрпазирии боло дар замони ҳаракат метавонанд таҳдидбарангез бошанд . Ин мӯшакҳо дар ҳини ҳаракат хеле тез метавонанд масири худро тағйир дода ва коре кунанд, ки радёбӣ ва пешбинии ҳаракаташон душвор бошад . Яке аз дигар хатароти ин даста аз мӯшакҳо миқдори масофате аст, ки тай мекунанд . Тавоноии ҳаракати мӯшакҳои  ҷадид бисёр бештар аз мӯшакҳои маъмулӣ вале бисёр камтар аз мӯшакҳои қорапаймост . Амрико, Русия ва Чин ҳеҷ кадом наметавонанд ба хубӣ ин мӯшакҳои қоррапайморо радёбӣ кунанд .
 

 

Барчасп