Ноябр 12, 2022 10:15 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ : Ҳуқуқи башар беш аз ҳар замони дигаре сиёсӣ шудааст

Муовини умӯри байналмилал ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон гуфт : Муттаассифона имрӯза ҳуқуқи башар беш аз ҳар замони дигаре сиёсӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ғарибободӣ-муовини умӯри байналмилал ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорони расонаҳои эронӣ дар Нию-Йорк афзуд : Кишварҳое, ки худашонро парчамдори дифо аз ҳуқуқи башар талаққӣ мекунанд ба таври мушаххаси Амрико ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар ҳадди густардае ноқизи ҳуқуқи башар дар қаламрави худашон ё дар соири кишварҳо ҳастанд ва ин кишварҳо ба ҳеҷ ваҷҳ салоҳияти парчамдорӣ дар ҳавзаи ҳуқуқи башарро надоранд .

Муовини умӯри байналмилали қувваи қазоияи Эрон гуфт : Ахиран ба дунболи иғтишошоте, ки дар бархе аз шаҳрҳои Эрон сурат гирифтааст, кишварҳои ғарбӣ дубора нидои ҳимоят аз ҳуқуқи башари мардуми Эрон сар додаанд, дар ҳоле ки зиндагии миллионҳо нафар аз ҳамон мардум дар асари таҳримҳои якҷонибаи Амрико таҳти таъсири ҷиддӣ қарор гирифтааст .

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон тасреҳ кард

:Ҳазорон нафар аз мардуми бегуноҳи Эрон дар ҷараёни бемории корона ба далели нарасидани воксану дору дар авоили ин бемории ҳамагир ҷони худро ба далели таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонӯнӣ ва золимона ва мамониат дар интиқоли пул аз тариқи каналҳои молӣ аз даст доданд .

Ғарибободӣ бо баёни инки Ҷумҳурии исломии Эрон 17 ҳазор қурбонии террор тавассути ҳамон террористҳое, ки акнун дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико сокин ҳастанд ва дар биҳишти амни Ғарб зиндагӣ мекунанд, додааст ; афзуд : Чигуна ин кишварҳои аврупоӣ ва Амрико муддаии ҳимоят аз ҳуқуқи башари мардуми Эрон ҳастанд . ?
Козими Ғарибободӣ-муовини умӯри байналмилал ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон барои ширкат дар нишастҳои кумитаи сеюми Маҷмаъи умумӣ ва ройзаниҳои ду ва чандҷониба ба Нию-Йорк сафар кардааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп