Шоири номдори хуросонӣ даргузашт
Устод Алӣ Боқирзода, мутахаллис ба “Бақо” аз шоирони номовари муосири Эрон дар синни 87 -солагӣ бар асари сактаи қалбӣ дар шаҳри Машҳад даргузашт.
Устод Боқирзода яке аз тавонотарин шоирон дар саройиши қитъа буд.
Боқирзода дар канори бузургоне чун Маҳдии Ахавони Солис ва Муҳаммади Қаҳрамон, дар зумраи шоирони номдори Хуросони имрӯз буд ва Ғуломҳусайни Юсуфӣ, Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ, Маҳмуди Фаррух ва бахши зиёде аз ҷараёни шеър ва адабиёти муосири форсӣ низ дар ҳалқаи дӯстони ин шоири машҳадӣ буданд.
Раҳбари муаззами инқилоб дар шаҳривари соли 1392-и хуршедӣ (августи 2013) дар паёме ба ҳамоиши накӯдошти ин шоири забардаст, марҳум Боқирзодаро “дӯсти дерин ва шафиқ”-и хеш хонда ва ашъори ӯ дар қолаб адабии қитъаро ба “қитъаҳое аз дебои рангин ва хушнигор” ташбеҳ карда буданд.
Маросими хоксупории марҳум Боқирзода фардо – шанбе, 20-уми озар, 10-уми декабр дар Машҳад анҷом мешавад.
Ин шоири хуросонӣ пас аз адои маросими ҷаноза дар Ҳарами разавӣ, субҳи шанбе дар Мақбараи шоирони Тӯс дар ҷавори ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ба хок супурда мешавад.