Ноябр 15, 2022 10:27 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори тими миллии футболи Эрон дар меҳмонхонаи Арраёни Қатар

Корвони тими миллии футболи Эрон шомгоҳи душанбе барои ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 ба Қатар расид ва дар меҳмонхонаи Арраёни Давҳа мустақар шуд .

Тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар дар гуруҳи B бо Британия,Уэйлс ва Амрико ҳамгуруҳ шудааст .
Аввалин бозии Эрон 21 ноябри 2022 бо Британия баргузор мешавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аъзои тими миллии футболи Эрон пас аз анҷоми охирин тамрин ва баргузории маросими гусел асри душанбе бо ҳузур дар ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ бо оятуллоҳ Сайидиброҳими Раисӣ дидор карданд .
Шогирдони Кейруш баъд аз ин дидор роҳии фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ ( раҳ ) шуданд ва Теҳронро ба мақсади Давҳа тарк карданд .
Меҳмонхонаи Арраёни  Қатар, ки дар маркази шаҳри Давҳа қарор дорад, ба унвони маҳали иқомати тими миллии футболи Эрон дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии 2022 интихоб шудааст ; меҳмонхонае ки бо беш аз 200 утоқ, илова бар мизбонӣ аз тими миллии футболи Эрон метавонад пазирои гардишгарони футболӣ бошад, ки барои тамошои мусобиқоти тимҳои кишварашон ба Қатар сафар мекунанд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп