Давлати Эрон ба дунболи эҷоди мувозина дар иртибототи байналмиллалӣ ва фарҳангӣ аст
Намояндаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо ишора ба сафари гуруҳе аз ҳунармандон ба Тоҷикистон гуфт : Эҷоди мувозина дар иртибототи байналмиллалӣ ва фарҳангӣ бо дигар кишварҳо ба вижа ҳамсоягон яке аз тағиротӣ аст, ки имрӯз шоҳиди он дар сиёсатҳои хориҷии давлати сездаҳум ҳастем .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ҳуҷҷатулислом Маҷиди Насироӣ афзуд: Нукоти муштараки фаровони фарҳангӣ, торихӣ ва забони форсӣ бахше аз зарфиятҳои Эрон аст, ки метавон бо такя бар ин нукоти муштарак ба хубӣ бо дигар кишварҳо иртибот барқарор кард, ки Тоҷикистон яке аз фурсатҳои бузург дар ин масир аст . Чун фарҳанг, таърих ва забони муштарак бо ҳам дорем ва мардуми ин кишвар низ алоқаи фаровоне ба фарҳангу мафохири адабии Эрон доранд ва ҳатто мафохири адабиро ҷузви бузургони худ медонанд .
Вай таъкид кард ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон фурсати хубе шуд, то масъулони фарҳангии ду кишвар ба вижа дар дидорҳои мухталиф дар заминаҳои илмӣ ва ҳунарӣ монанди шеъру мусиқӣ ба ироаву табодули назар бипардозанд . Ҳузури ҳунармандони эронӣ дар ҳафтаи гузашта мавриди истиқболу тавваҷуҳи афкори умумӣ ва ҳамчунин расонаҳои Тоҷикистон қарор гирифт .
Узви комиссиюни фарҳангии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон изофа кард : Ин нигоҳи хуби давлат ба вижа вазири фарҳангу иршоди исломӣ боис мешавад, то битавонем иртибототи густардае бо ҳунармандону андешмандони Тоҷикистон дошта бошем ва умедворем ҳамин таъомулоту иртиботот бо дигар кишварҳо низ дунбол шавад .