Ноябр 21, 2022 11:28 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии давлати Арманистон аз мавозеи усулӣ ва созандаи Ҷумҳӯри Исломии Эрон
    Қадрдонии давлати Арманистон аз мавозеи усулӣ ва созандаи Ҷумҳӯри Исломии Эрон

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, бо муовини вазири хориҷаи Арманистон дидор ва ройзани кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Абдуллоҳиён дар дидор бо муовини вазири хориҷаи Арманистон, бо ибрози хурсанди аз муносибот рӯ ба рушди дукишвари дӯст ва ҳамсоя, ифтитоҳи сарконсулгарии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Қопонро гоми амалии муҳими дукишвар барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ ва ҳаракат дар ҷиҳати дастёбӣ ба чашмандози матлуб дар муносиботи иқтисодӣ арзёбӣ кард.

Муовини вазири хориҷаи Арманистон, низ дар ин дидор бо ишора ба сафари ахири вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии  Эрон ба Арманистон ва ифтитоҳи сарконсулгарии Эрон дар Қопон, ин иқдомро таҳавули бузург ва нуқтаи атф дар раванди рӯ ба густариши муносиботи байни дукишвар арзёбӣ кард ва қадрдонии давлати Арманистон аз мавозеи усулӣ ва созандаи Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар қиболи ҳаққи ҳокимияти кишварҳо дар минтақа ва тағирнопазирии марзҳои байналмиллалӣ иброз кард.

 Софориён бо таъкид бар зарфиятҳо ва зерсохтҳои мустаъиди мавҷӯд барои густариши муносиботи иқтисодии дуҷониба, лузуми пайгири ва талош дар ҷиҳати амали сохтани тавофуқоти ба амал омадаро мавриди таъкид қарор дод.

Бештар бихонед:

 

Барчасп