Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мақарри гурӯҳаки таҷзияталаби Покро дарҳам кубид
Неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мақарри гурӯҳаки таҷзияталаби Покро дар минтақаи Курдистони Ироқ дарҳам кубид.
Неруи заминии Сиподи посдорони инқилоби исломӣ рузи сешанбе даври ҷадиди ҳамалоти худ зидди гуруҳакҳои таҷзияталаб ва террористими мустақар дар минтақаи Курдистони Ироқро оғоз кард.
Дар ҳамалоти имрузи неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, мақарри гурӯҳаки террористи таҷзияталаби Пок ҳизби озодии Курдистон тавассути мушак ва паҳподҳои интиҳори дар ҳумаи Каркук мавриди ҳадаф қарор гирифт.
Неруи заимнии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ даври ҷадиди ҳамалоти худ зидди гурӯҳакҳои террористии таҷзияталабро 14 ноябр ва пас аз он ки ин гуруҳакҳо иқдомоти зидди амниятӣ дар чанд шаҳри марзии Эрон анҷом доданд оғоз кард.
Инҳидоми мақарҳои террористҳои таҷзияталаб дар шимоли Ироқ пас аз он оғоз шуд, ки мақомоти минтақаи Курдистони Ироқ ба хостаи машруъ ва қонунии Эрон пас аз ҳушдорҳои лозим аз тариқи мабодии қонунӣ мабни ба барчидани басоти фаъолиятҳои гуруҳҳои террористӣ зидди эронӣ вобаста ба истикбори ҷаҳонӣ иқдоми муносиби нишон надоданд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шанбе 24 сентябр ҳам амалиёти оташбори ва путхонаии худро зидди террористҳои таҷзияталаб дар минтақаи Курдистони Ироқ оғоз карда буд.