Ноябр 24, 2022 10:14 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ, сухангӯии Вазорати хориҷаи Эрон
    Канъонӣ, сухангӯии Вазорати хориҷаи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти вазири хориҷаи Англия дар бораи рӯзноманигории озоду содиқона таъкид кард: Оқои вазир, Шумо бо ин шиорҳои дурӯғин расман аз утоқи ҷанг алайҳи миллати Эрон ҳимоят мекунед.

Носири Канъонӣ дар Твиттер навишт: «Вазири хориҷаи режиме, ки мизбону ҳомии шабакае аст, ки озодона террор, хушунату ошӯбро алайҳи миллату амнияти миллии Эрон тарвиҷ мекунад, муддаӣ аст, ки "мо аҳамияти рӯзноманигории озоду содиқонаро воқеан ҷиддӣ мегирем". Оқои вазир, Шумо бо ин шиорҳои дурӯғин расман аз утоқи ҷанг алайҳи миллати Эрон ҳимоят мекунед».

Вазири хориҷаи Англия рӯзи гузашта дар мусоҳиба бо рӯзномаи саудии “Ашшарқ-ул-авсат” дар идомаи изҳороти мудохилаҷӯёна ва бо ҳимоят аз расонаи форсизабони мустақар дар ин кишвар, ки тайи 2 моҳи гузашта иқдом ба нашри ахбори мудохилаҷӯёна ва доман задан ба иғтишошот дар Эрон мекарданд, гуфта буд: Амнияти мардум дар Англия воқеан барои мо ҷиддӣ аст. Мо аҳамияти рӯзноманигории озоду содиқонаро воқеан ҷиддӣ мегирем.

Вазири хориҷаи Англия пеш аз ин ва дар пайи иғтишошоти ахир дар Эрон низ аз иғтишошгарон ҳимоят карда буд. Ин кишвар ҳамчунин дар ин росто таҳримҳоеро алайҳи теъдоде аз мақомот ва ниҳодҳои эронӣ эъмол кардааст.

 

Барчасп