Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Басиҷ бояд дар майдони илм ҳузур дошта бошад
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷамъи басиҷиён таъкид карданд : Басиҷ бояд дар майдони илм ҳузур дошта бошад.
Ба муносибати ҳафтаи Басиҷ, имрӯз ( шанбе ) ҷамъи зиёде аз басиҷиён бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ -Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо басиҷён таъкид карданд : Шумо басиҷиёни имрӯзу оянда мухотаби ин хитобаед, Басиҷ фақат барои майдони низомӣ нест,Басиҷ бояд дар майдони илми дин ва улӯми моддӣ ҳузур дошта бошад .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд : Дар муҳити илму таҳқиқ Басиҷ коромад буд, ҳам дар қазияи корона ва ғайрикорона донишмандони ҳастаии мо басиҷӣ буданд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд : Басиҷ фарҳанги хизмати бетазоҳур ба мардум аст,Басиҷ фарҳанги муҷоҳидати бидуни таваққуъ(чашмдошт) аст .
Идома дорад . . .