Раисӣ: Савоҳили Мукрон, минтақаи роҳбурдии Эрон аст
(last modified Sun, 27 Nov 2022 12:35:38 GMT )
Ноябр 27, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Савоҳили Мукрон, минтақаи роҳбурдии Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба аҳаммияти савоҳили Мукрон дар баҳси тиҷорати дарёӣ гуфт, ин минтақа метавонад ба як минтақаи роҳбурдӣ барои кишвар табдил шавад.

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар иҷтимои бошукӯҳи мардуми бандари Ҷоск изҳор кард, савоҳили Мукрон метавонад ба як нуқтае бирасад, ки битавонад маркази иқтисодӣ, тиҷорӣ, доду ситад ва равнақи тавлид барои Эрон шавад.

Раисӣ афзуд, истеъдоди зиёде дар савоҳили Мукрон вуҷӯд дорад, ки метавонад ин савоҳилро ба нуқтаи бисёр муҳиму роҳбурдии иқтисодӣ ва тиҷорӣ, гардишгарӣ ва тавлид дар Эрон қарор диҳад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (якшанбе) дар замони вуруд ба Ҳурмузгон, зимни боздиди ҳавоӣ аз минтақаи Ҷосак, манотиқи мухталифи ҳавзаи роҳбурдии савоҳили Макронро мавриди баррасӣ қарорад дод.

Мукрон, савоҳили ҷануби шарқии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз минтақаи Ҷоск то нуқтаи сифри марзиро шомил мешавад.