Озодии 1156 зиндонӣ дар паи дастури раиси қувваи қазоияи Эрон
1156 зиндонӣ дар паи дастури вижаи раиси қувваи қазоияи Эрон дар бораи мусоидат ба зиндониёне, ки шароити баҳрамандӣ аз ирфоқоти қонуниро доранд, аз зиндонҳои мухталиф дар кишвар озод шуданд .
Рӯзи шанбе дастӯруламали ҳуҷҷатиалислом валмуслимин Ғуломҳусайни Муҳсинии Эжаӣ-раиси қувваи қазоияи Эрон дар паи пирӯзии шӯрангезу бозии ғайратмандонаи миллипӯшони тими миллии футболи Эрон баробари Уэлс ва шаафу шодмонии падидомада дар саросари кишвар, хитоб ба мароҷеъу марокизи зирабти қазоӣ содир шуд .
Дар дастури раиси дастгоҳи қазои Эрон хитоб ба мароҷеъу марокизи зирабти қазоӣ омада буд : Нисбат ба он даста аз зиндониён, ки шароити баҳрамандӣ аз ирфоқоти қонӯниро доро ҳастанд, ниҳояти мусоидату муъозидат анҷом гирад ва муқаддамоти озодӣ ва бозгашти онҳо ба оғӯши гарми хонаводаҳошон дар аввалин фурсати мумкин фароҳам шавад .
Дар дастури раиси дастгоҳи қазоии Эрон тасреҳ шудааст бадеҳӣ аст, касоне ки дар қазоёии ахири муртакиби ҷиноят шуда ва мудофеъони амнияти мардумро шаҳид ва маҷрӯҳ карданд ва амволи мардумро ба оташ кашиданду Қуръонро сӯзонданад, қобили иғмоз ва бахшиш нестанд ва барои аносиру мусаббибони аслии иғтишошоти ахир ҳеҷ ҷои ирфоқ вуҷӯд надорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон пас аз ин дастури вижа ، мақомоти қазоии устонҳои Эрон иқдомоти лозим ҷиҳати иҷроӣ шудани дастури раиси қувваи қазоияро дар дастури кор қарор доданд ва теъдоде аз зиндониёни зиндонҳои кишвар, ки дорои шароит буданд ё озод шуданд ва ё инки аз тасҳилоту ирфоқоти қонӯнӣ бархудор шуданд .
Дар миёни афроде ки бар асоси дастури раиси қувваи қазоияи Эрон аз ирфоқоти қонӯнӣ бархурдор шуданд, боздоштшудагони вақойиъи ахири Эрон, ки дорои шароити қонӯнӣ буданд низ ҳузур доранд .