Ноябр 30, 2022 16:58 Asia/Dushanbe
  • Тафсир-Панҷ меҳвари муҳими изҳороти раҳбари инқилоб дар дидори нахуствазири Ироқ

Муҳаммад Шаёъ Ал Судонӣ, нахуствазири ҷадиди Ироқ субҳи рӯзи сешанбе дар раъси ҳайати баландпоя барои сафаре дурӯза вориди Теҳрон шуд ва асри ҳамон рӯз низ бо раҳбари муаззами инқилоби дидор ва гуфтугӯ кард. Изҳороти раҳбари муаззами инқилоб дар ин дидор дар чанд меҳвар қобили арзёбӣ аст.

Меҳвари нахуст, ҳимояти қотеъи раҳбари муаззами инқилоб аз субот, пешрафту амнияти Ироқ аст. Ироқ беш аз 1500 километр марзи муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад. Сиёсати доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи Ироқ пас аз фурӯпошии режими баъсӣ, ҳимоят аз субот, амнияту пешрафт ва ҳамчунин тақвияти равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои мухталиф аст. Раҳбари муаззами инқилоб ҳам дар дидори Ал Судонӣ пешрафти Ироқ ва расидан ба ҷойгоҳи воло ва воқеии худро ба нафъи Ҷумҳурии исломӣ унвон ва хотирнишон карданд: «Дидгоҳи мо дар бораи амнияти Ироқ ин аст, ки агар ҳар тарафие қасди барҳам задани амнияти Ироқро дошта бошад, мо синаи худро дар муқобили ӯ ва барои ҳифозат аз Ироқ сипар хоҳем кард.»

Меҳвари муҳими дигар дар изҳороти раҳбари муаззами инқилоб, таъкид бар лузӯми инсиҷому ваҳдати маҷмуаҳои дохилии Ироқ буд. Аз дидгоҳи раҳбари муаззами инқилоб, Ироқ аз лиҳози сарватҳои табиӣ ва инсонӣ ва ҳамчунин пешинаи фарҳангӣ ва таърихӣ ва тамаддунӣ бартарин кишвари арабӣ аст, аммо бо вуҷӯди чунин пешинае, Ироқ ҳануз натавонистааст дар ҷойгоҳи воло ва воқеии худ қарор гирад. Ихтилофҳои дохилӣ омили муҳимме барои мутаваққиф мондани Ироқ ва пешрафт накардани ин кишвар дар ду даҳаи ахир буд. Бар ҳамин асос низ раҳбари муаззами инқилоб яке аз заруратҳои асосии расидани Ироқ ба ҷойгоҳи воқеии худро, инсиҷом ва ваҳдати маҷмуаҳои дохили Ироқ баршумурданд.

Меҳвари сеюм дар изҳороти раҳбарӣ, табйини мавзеи душман дар қиболи Ироқ ва рухдодҳои он буд. Дар ҳоле, ки Ҷумҳурии исломии Эрон, аз пешрафти Ироқ ҳимоят мекунад, бархе аз кишварҳо асосан амният ва пешрафти Ироқро созгор бо манофеи худ намедонанд. Аз яксӯ, нигоҳи душманон ба Ироқ ин аст, ки чӣ касе ва чӣ гурӯҳе дар қудрат қарор дорад ва аз сӯи дигар Ироқи қавиро рақибе барои худ мебинанд, ки набояд таҳаққуқ пайдо кунад. Аз ин рӯ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Шаёъ Ал Судонӣ хотирнишонд: «Пешрафти Ироқ душманоне дорад, ки шояд дар зоҳир ҳам изҳори душманӣ накунанд, аммо давлате ҳамчун давлати шуморо қабул надоранд. . . »

Чаҳорумин меҳвар, ки ба навъе муҳимтарин меҳвар дар баёноти раҳбари муаззами инқилоб буд, таъкид бар амният дар марзҳои Эрону Ироқ буд. Душманони Ҷумҳурии Исломии Эрон тақрибан ҳамеша аз марзҳои манотиқи шимолии Ироқ барои зарба задан ба амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон баҳра гирифтаанд, ки дар иғтишошоти ахири Эрон низ ин иттифоқ рух доду гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Ироқ, бо нуфӯз ба дохили Эрон дар ин иғтишошҳо нақшофаринӣ карданд. Инфиъоли давлатҳои Ироқ дар бархӯрд ва мувоҷиҳа бо гурӯҳҳои террористии мустақар дар манотиқи шимолии ин кишвар бо интиқоди раҳбари инқилоб мувоҷеҳ шуд. Эшон бо ишора ба суханони Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ мабнӣ бар инки тибқи қонӯни асосӣ ба ҳеҷ тарафе иҷозаи истифода аз хоки Ироқ барои барҳам задани амнияти Эронро намедиҳем, гуфтанд: «Мутаасифона акнӯн ин иттифоқ дар бархе манотиқи Ироқ рӯй медиҳад ва танҳо роҳи ҳалли он ин аст, ки давлати марказии Ироқ иқтидори худро ба он манотиқ низ густариш диҳад.»

Панҷумин меҳвари изҳороти раҳбари инқилоб ҳам лузӯми иҷроӣ шудани тавофуқоти ду кишвар ба хусӯс дар ҳавзаҳои иқтисодӣ буд. Ҳаҷми тиҷории ду кишвар ҳамакнӯн 12 миллиарддоллар аст, аммо тарафайн барои афзоиши он ба 20 миллиард доллар тавофуқ карданд, ки токунӯн ба таври ҷиддӣ пайгирӣ нашуд. Албатта таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон дар ин замина ба унвони монеъ амал мекунад. Раҳбари инқилоб дар дидори Ал Судонӣ ба тавофуқҳои имрӯзи раисиҷумҳури Эрону нахуствазири Ироқ ишора карда ва гуфтанд: «дар давраҳои қабл ҳам музокироту тафоҳумҳои хӯбе анҷом шуд, аммо камтар ба марҳалаи амал расиданд. Бинобар ин бояд дар мавриди ҳамаи тафоҳумҳо бавижа дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мубодилоти коло ва иртибототи рейлӣ ба самти амал ва иқдом пеш биравем.

 

Барчасп