Ноябр 30, 2022 17:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳушмандсозии сомонаҳову таҷҳизоти дарёӣ
    Ҳушмандсозии сомонаҳову таҷҳизоти дарёӣ

Раиси Маркази таҳқиқоту мутолеоти Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, қатаоти новшиканҳо бо истифода аз зарфиятҳои дохилӣ бумисозӣ шуд.

Дарёдори дувум Ҷаводи Додошзода, раиси Маркази таҳқиқоту мутолеоти Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи сешанбе дар Симнон таҳримҳоро омили шукуфоии истеъдодҳои бумӣ ва худкифоии кишвар донисту гуфт: Ҳушмандсозии сомонаҳову таҷҳизоти дарёӣ аз авлавиятҳои сиёсатҳои илмии Неруи дарёии артиши Эрон аст ва аз тарҳҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ дар заминаи радаргурезӣ, ҷазби амвоҷу дафъи резфактори дарёӣ ҳимоят мешавад.

Раиси маркази таҳқиқоту мутолеоти Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Барои таъмини қатаоти новшиканҳо қарододҳое бо чанд кишвари хориҷӣ баста шуд, ки пас аз аъмоли таҳримҳову хуруҷи ширкатҳои хориҷӣ аз Эрон, танҳо арсаи умеде, ки дар кишвар эҷод шуд, донишгоҳҳову иртиботи муассир бо донишгоҳ буд, ки аз ин тариқ фанновариҳои мавриди ниёзи сохти новшиканҳои Ҷаморон, Саҳанд, Дамованд ва Дено тавассути мутахассисони дохилӣ бумисозӣ ва таъмин шуд.

 

Барчасп