Филм ; эътирози донишҷӯёни эронӣ ба қатъномаи зиддиэронии Шӯрои ҳуқуқи башар
(last modified Sat, 03 Dec 2022 07:10:56 GMT )
Декабр 03, 2022 12:10 Asia/Dushanbe

Ҷамъе аз донишҷӯёну ақшори мухталифи мардуми Эрон рӯзи ҷумъа бо ҳузур дар муқобили дафтари Созмони Миллал дар Теҳрон эътирози худро ба қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башар эълом карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муътаризони эронӣ дар ин таҷаммуъи плакатҳое бо мазомина " Созмони Миллал-диктатори байналмиллал ", " Созмони ҳимоят аз қотилони Хошуқчӣ ", " кӯдаки яманӣ=башар " ، " ҳуқуқи башари дарунхолӣ " дар даст доштанд .
Ҳамчунин таҷаммуъкунандагон шиорҳое назири " марг бар Исроил ", " марг бар Амрико ", " ту чолишу масоили миллӣ-ҷо надора дахолати аҷнабӣ " сар доданд .
Шӯрои ҳуқуқи башар ахиран ба дархости намояндаи давлати Олмон нишасте баргузор кард ва теъдоде аз аъзои ин шӯро ба баҳонаи иғтишошоти ахир дар Эрон қатъномае алайҳи Эрон содир карданд .
Вазорати умӯри хориҷаи Эрон низ зимни маҳкӯм кардан он қатънома ба амалкарди давлати Олмон дар баргузории ин нишаст вокуниш нишон дод ва ба нақши он кишвар дар ирсоли маводи аввалияи бомбҳои кимиёӣ ба Ироқ дар ҷараёни ҷанги таҳмилӣ ишора кард .
Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон ба ин манзур ҳамроҳ бо як маскаи кимиёӣ дар нишаст бо хабарнигорону аҳолии расона ҳузур ёфт.

Бештар бихонед :