Декабр 11, 2016 18:13 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Асоси қудрати мусулмонон ваҳдат аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, асоси қудрати мусулмонон ваҳдат аст ва ҳаракат ба самти ихтилоф, дурӣ аз асли дини Ислом хоҳад буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори ҷамъе аз уламои аҳли суннати Эрон дар Теҳрон, сираи паёмбари Ислом (с)-ро улгӯи воҳиди мусулмонон донисту афзуд: “Танаввуи ақвому мазоҳиб на таҳдиди амният, балки фурсате бузург барои ваҳдату тавсеаи миллӣ аст”.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки мабнои Ҷумҳурии исломӣ аз ибтидо пазириши танаввуи мазҳабӣ, қавмиву фарҳангӣ будааст, гуфт: “Қуръон ҳамаи мусулмононро ба бародарӣ, яъне узвият дар як хонавода даъват кардаасту шиаву суннӣ ҳамаи аъзои як хонавода ҳастанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба мушкилоти минтақа низ ишора карду гуфт, такфириҳо ҷуз хисорат барои мусулмонону минтақа ва махдуш кардани чеҳраи Қуръону Ислом дар афкори умумии ҷаҳон, кори дигаре накардаанд.

Бархе аз уламои аҳли суннати ҳозир дар ин ҷаласа низ зимни таъкид бар ваҳдати шиаву суннӣ ва маҳкум кардани иқдомоти террористии ДИИШ дар Сурияву Ироқ, дидгоҳҳои худ дар заминаи масоили мухталифи дохиливу минтақаиро матраҳ карданд.

Ба ибтикори Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон фосила миёни 12-и рабиулаввал (12-уми декабр), солрӯзи валодати Паёмбари акрам (с) бино бар ривоёти аҳли суннат то 17 рабиулаввал (17 декабр) валодати Расули акрам (с) бино бар ривоёти шиаён ба унвони “ҳафтаи ваҳдат” номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп