Баҳодурии Ҷаҳрумӣ : Британия бояд аз хушунат алайҳи шаҳрвандонаш худдорӣ кунад
(last modified Sat, 10 Dec 2022 09:16:47 GMT )
Декабр 10, 2022 14:16 Asia/Dushanbe
  • Баҳодурии Ҷаҳрумӣ : Британия бояд аз хушунат алайҳи шаҳрвандонаш худдорӣ кунад

Сухангӯи давлати Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба саркӯби эътирозот дар Британия таъкид кард : Давлати Британия бояд аз хушунати алайҳи шаҳрвандонаш худдорӣ кунад .

Бо афзоиши мушкилоти иқтисодӣ ва буҳрони сӯхт дар Британия бо вуҷуди иқдомоти хушунатбори полис, иттиҳодияҳои синфӣ барои баргузории эътисобҳо(корпартоиҳо)и саросарӣ омода мешаванд .
Риши Сунок-нахуствазири Британия муътаризонро ба саркӯби шадид таҳдид кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Баҳодурии Ҷаҳрумӣ-сухангӯи давлати Эрон имрӯз ( шанбе ) дар ҳисоби худ дар сафҳаи Твиттер дар вокуниш ба саркӯби эътирозот дар Британия навишт : дар Эрон ба ҷанги дохилӣ даъват мекунанд, аммо дар кишварҳои худашон пушти ниқоби қонӯн ба полис ихтиёроти фавқулода медиҳанд то мисли об хӯрдан муътаризонро саркӯб кунад,ин вақеҳтар аз стандарти дугона аст .
Сухангӯи давлат афзуд : Низоми подшоҳии Англия барои саркӯби тазоҳуроти мусолиматомези мардум даст ба домони артиш шудааст .
Ҳамчунин навишт бо диққат рафтори онҳо бо мардуме, ки нигарони зимистони сахту хашмгин аз сиёсати риёзати иқтисодӣ, табъиз ва нобаробарӣ ҳастандро зериназар дорем .

Бештар бихонед :