Таҳлил: Террори Мавлавӣ Абдулвоҳид, абъод ва аҳдоф
-
Ин террор ба таври кулли хати фикри ва амалётии иғтишошгарон дар 80 рӯзи ахирро нишон дод
Шӯрои таъмини устони Систон ва Балучистон аз террор ва шаҳодати Мавлавӣ Абдулвоҳиди Регӣ аз уламони аҳли суннат ва Имом ҷӯмъаи масҷиди Имом Ҳусайн(а) шаҳристон Хош хабар дод.
Дар бораи ин ҷиноят метавон ба чанд нукта ишора кард:
Нуктаи аввал инки устони Систон ва Балучистон аз ҷумла манотиқе аст, ки дар 80 рӯзи ахир шоҳиди бештарин ноамниҳо ва иғтишошҳо дар Эрон буд бархе ҷараёнҳои дохилӣ ва гурӯҳҳои таҷзияталаб ва террористӣ дар дохил ва хориҷ аз устон дар давом додани иғтишошҳо нақши пурранге доранд.
Баҳонаи онҳо дифоъ аз ҳуқуқи занон ба таври хос ва ҳуқуқи башар ба таври омаст, аммо дар ҳақиқат зиддият бо низоми Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва эъмоли фишор бар ҳукуматро пайгири мекунанд.
Нуктаи дуввум инки дар ин масир ҳар шахсе, ки хилофи ҷараёни зиддӣ инқилоб ҳаракат кунад ва бар лузуми поён додан ба иғтишошҳо таъкид карда ва дар ҷиҳати ваҳдат ва амнияти милли гом бардорад ё бо таҳдид муваҷаҳ мешавад то аз масири худ убур накунад ва ё ҳадафи террор қарор мегирад, ки мавлави Абдулвоҳиди Герӣ аз ҷумлаи ин ашхос аст.
Нуктаи севвум инки Мавлавӣ Абдулваҳоб аз назари шахсияти сиёсӣ дорои гароиши эътидолгароёна буд, ки бар ваҳдати миллӣ ба хусус миёни шиъа ва сунни таъкид дошт ва мухолифи ҳаргуна ифротигароӣ буд ва онро бар хилофи амнияти миллӣ медонист.
Вай аз ҷумла шахсиятҳое буд, ки дар сафари ҳуҷчалтулислом валмуслимин Алиакбарӣ ба унвони намояндаи Раҳбари инқилоб ба устони Систон ва Балучистон барои дилҷӯйи ва шунидани дидгоҳҳои афрод ва гурӯҳҳо дар хусуси ноамниҳо дар устон бо эшон дидору гуфтугӯ кард.
Марҳум Мавлавӣ Абдулвоҳид дар ин дидор аз ваҳдати шиъа ва сунни, амнияти миллӣ ва инқилоби исломӣ дифъоъ карда буд.
Ин руйкард аммо бо эътирози густардаи ҷараёни зиддӣ инқилоб рӯ ба рӯ шуд ва ниҳоятан низ ин ҷараён даст ба террори ин олими аҳли суннати Систон ва Балучистон зад.
Нуктаи чаҳорум инки террори Мавлавӣ Абдулвоҳид нишон дод, ки таъкиди бархе бар дифоъ аз ҳуқуқи башар ва иддаоҳо дар бораи ҳимоят аз шаҳрвандон сирфан як изҳори назари каломи ва авомписандона аст ва дар амал дар ҷиҳати ташдиди вогарои дар устони Систон ва Балучистон ва дамидан бар тафриқа миёни шиъа ва сунни гом бармедоранд.
Ин навъи дектатории сиёсӣ аст, ки аз сӯйи бархе афрод ва гурӯҳҳо дар устон пайгири мешавад.
Нуктаи панҷум инки яке аз ҳадафҳои аслии террори Мавлавӣ Абдулвоҳид, имом ҷумъаи аҳли суннати Хош эҷоди тарсу ваҳшат барои афроде аст, ки хилофи ҷараёни таҷзияталаби такфири ва террористӣ ва ҷараёни зиддӣ инқилоб гом бар доранд.
Чанд рӯз пеш ҳам шаҳрванде, ки дар устони Курдистон танҳо як шоколат ба Раиси Чумҳӯр таъоруф карда буд таҳти фишори шадид қарор гирифт ва маҷбур шуд барои дар амон мондан узрхоҳи карда ва изҳори пушаймони кунад.
Нуктаи шашум ва поёни инки душманон бо террори имом ҷумъаи аҳли суннати Хош, ки мудофеъи ваҳдат, амният ва инқилоб буд нишон дод манофеашон дар идомаи ноамни ва иғтишош дар ин устон қарор дорад.
Дар ҳоли ҳозир собит карданд, ки қавмият унсуре аст, ки душманон рӯи он монувр медиҳанд .
Ин террор ба таври кулли хати фикри ва амалётии иғтишошгарон дар 80 рӯзи ахирро нишон дод.
Бештар бихонед:
- Шаҳодати имоми ҷумъаи аҳли суннати масҷиди Имом Ҳусайн ( а )-и шаҳристони Хоши Эрон
-
Раисӣ дар дидори ҷамъи аз уламои аҳли суннат: Ваҳдати шиъа ва сунни мавзуъи роҳбурди аст\